Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАҚАҲОИ ТРОПИКӢ

МИНТАҚАҲОИ ТРОПИКӢ

mintakai-tropikiМИНТАҚАҲОИ ТРОПИКӢ, ду минтақаи географии Заминро гӯянд, ки дар Нимкураҳои шимолӣ ва ҷа­нубӣ байни минтақаҳои субтропикӣ ва субэкваторӣ воқеъ гардидаанд. (ниг. харитаи Минтақаҳо ва зонаҳои географии Замин, ҷ 2, саҳ 448— 449). Ҳарорати баланди ҳаво, зуд-зуд вазидани бодҳои хушкӣ пассатӣ ва камии боришот ба Минтақаҳои тропикӣ хос аст. Қисми зиёди Минтақаҳои тропикии материкҳо аз биёбону нимбиёбонҳо иборат бу­да, дар ПГ. ва ноҳияҳои нисбатан сернам ландшафтҳои саваннагӣ ва бешагӣ воқеъ гардидаанд. Оби уқ­ёнусҳо бошад, дар ҳудуди Минтақаҳои тропикӣ хе­ле гарм (d8,5–23 С) ва шӯранд (то 37%). Атарчи дар материкҳо радиацияи солонаи Офтоб зиёд аст (588— 924 кЧ/см2 — зиёдтарин дар рӯи За­мин), аммо ҳангоми шуоъафканӣ аз сабаби хеле зиёд талаф шудани гармӣ баланси радиационии солона нисбатан кам мегардад (252—294 к^/см2). Баробари ин амплитудаи ҳарорати ҳаво калон аст: солона қа­риб 20° С, шаборӯзӣ то 40° С. Ҳаро­рати миёнаи моҳҳои гармтарин дар ҳамвориҳо 30—36° С, моҳҳои хунуктарин беш аз 10° С; максималӣ 61° С, минималӣ 0° С ва аз он пасттар. Бо­ришоти солона 50—200 мм (танҳо дар сектори шарқии наздиуқёнусии муссонӣ 1000—2000 мм). Вобаста ба хусусиятҳои иқлимӣ М интақаҳои тропикии материкҳоро ба чор сектор тақсим мекунанд: шарқии наздиуқёнусӣ (сернам, ландшафтҳои бешагӣ бартарӣ дорад), шарқии васати (ландшафтҳояш асосан бешаҳои сирак ва буттазорҳо), дохилиматерикӣ ва ғарбии наздиуқёнусӣ (ландшафтҳояшон асосан биёбонию нимбиёбонӣ; дар сектори ғарбии наздиуқёнусӣ ҳаво сернамтар, зуд-зуд туман шуда меистад, фарқи ҳарорати ҳавои шабу рӯз кам аст).

Дарёҳо дар Минтақаҳои тропикӣ нобаробар тақ­сим шудаанд. Онҳо дар секторҳои шарқӣ доимӣ ва пуроб буда, дар сек­торҳои ғарбӣ ва дохилиматерикӣ муваққатианд. Қариб тамоми дарёҳои доимӣ берун аз ҳудуди Минтақаҳои тропикӣ cap мешаванд. Дар шарқи Минтақаҳои тропикӣ процессҳои фарсоиши химиявӣ ва эро­зия, дар қисмҳои дохилиматерикӣ ва ғарбӣ бошад, фарсоиши физикӣ ва дефляция бештар рӯй медиҳанд. Қабати хок аз Шарқ ба Ғарб торафт тунук шуда, хокҳои латеритӣ, сурхи ҷигаритоб ва бӯри сурхтоб пандам во­қеъ гардидаанд. Дар секторҳои дохилиматерикӣ ва ғарбӣ процесси хокҳосилшавӣ хеле суст аст. Дар нимбиёбону биёбонҳои санглоху регзор дар чодарҳо қабати тунукн хокҳои карбонатдор ё гаҷдор, баъзан хокҳои шӯр вомехӯранд. Аз Ш. ба F. чунин формацияҳои растаниҳо паҳн шудаанд: бешаҳои омехта (хазонрезу ҳамешасабз), бешаҳои муссонӣ (хазонрез), бешаҳои сирак ё саваннаҳо, бешаҳои гармсер ва буттазорҳои ксерофилӣ, растаниҳои нимбиёбонӣ ва биёбонӣ. Аз ҳамин сабаб Минтақаҳои тропикии хушкиро ба зонаҳои бешаҳои сернами тропикӣ, бешаҳои гармсер ва саваннаҳо, нимбиёбонҳои тропикӣ ва биёбонҳои тропикӣ ҷудо мекунанд. Ҳайвоноти Минтақаҳои тропикӣ ниҳоят гуногун аст: маймун, фил, каркадан, тапир, мӯрчахӯр, лаванд, мор, калтакалос, тимсод ва ғ; паррандаҳои хоси ин ҷо: тӯтӣ, кабӯтар, колибри, фохта, кабкмурғ, гулмак, тукан. Дар уқёнусҳои Минтақаҳои тропикӣ ҳайвоноти гуно­гун зиндагӣ мекунад: моҳиҳо (аз ҷумла наҳанг, скат, моҳии паррон, шамшермоҳӣ), сангпӯшти баҳрӣ, мо­ри баҳрӣ, нармбаданҳо, марҷонҳо ва ғ.

Терр. Минтақаҳои тропикӣ, ғайр аз қисми шарқии материкҳо, камаҳолист ва кам аз худ шудааст. Замини секторҳои дохилиматерикӣ ва ғарбии наздиуқёнусӣ ҳамчун чарогоҳ ва барои зироаткорӣ истифода мешаванд. Терр. сектори шарқии наздиуқёнусӣ (хусусан дар материки Осиё) ба тавассути саъю кӯшиши одамӣ тамоман тағйир ёфтааст. Дар ин ҷойҳо зироаткорӣ, парвариши чой, қаҳва, ка­учук ва ғ. инчунин дарахтбурию чӯбтайёркунӣ басо равнақ дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …