Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МЕҲРОБИ ИСКОДАР

МЕҲРОБИ ИСКОДАР

МЕҲРОБИ ИСКОДАР, меҳроби кандакории чӯбини асри 10 аз деҳаи Искодари райони Айнӣ. Соли 1925 М. С. Андреев ёфтааст (ҳоло дар Музеи муттаҳидаи республикавии таърихӣ- кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Беҳзод, Душанбе). Ҳар ҷузъи кандакориаш композицияи мураккаби ороиширо (нақшҳои ҳан­дасӣ, лавҳаи мунаббаткорӣ, катиба ва ғ.) дар бар гирифтааст. Дар нақшунигори меҳроб усулҳои ороишии чоркалид, ишкелбанд, мавҷ, доира, себарга, ислимӣ, аждар ва катибаҳои куфӣ истифода шудаанд. Тоқи меҳроб нимгунбазӣ, дар болояш куббаи сурхрангдорад. Ду паҳлуи меҳр­обро сутунчаҳои кӯзагии бошадор оро медиҳанд. Усули кандакории Меҳроби Искодар ба осори кандакории Зарафшони Боло ва Чоркӯҳ қаробат до­рад. Меҳроби Искодар дурдонаи санъати ороишию амалӣ буда, намунаи олии ҳунари устоҳои тоҷик аст.

М. Рӯзиев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …