Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МАЛМЕЙСТЕР Александр Кристанович

МАЛМЕЙСТЕР Александр Кристанович

МАЛМЕЙСТЕР Александр Кристанович (таваллуд 18. 10. 1911, волости Петеруп, ҳозира ноҳияи Рига, РСС Лат.), олим ва арбоби давлатии советӣ; аъзо-корр. АФ СССР (1970), академик (1958) ва президенти АФ РСС Лат. (1970), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1969), Ходими Хизматнишондодаи Илм ва Техникаи РСС Лат. (1965). Аъзои КПСС аз соли 1942. Университети Латвияро хатм намудааст (1937) ва дар ҳамон ҷо кор кардааст. Солҳои 1941—45 дар сафи Армияи Советӣ буд.

malmeisterСолҳои 1953—61 директори Институти сохтмон ва меъмории АФ РСС Латвия, 1961—63 ректори Институти политехникии Рига, 1963—70 директори Институти механикаи полимерҳои АФ РСС Латвия. Назрияи маҳдудияти деформацияро кор карда баромад, ки он имкон дод масъалаи қобилияти борбардории бом, сутун, болор ва ғ. дуруст ҳал карда шавад. Методи ҳисоби инженерии конструкцияҳои баъзе масолеҳи полимерӣ ва пешбинии хосияти онҳоро пешниҳод намуд. Раиси Совети Олии РСС Латвия (1971—74). Бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медальҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Упругость и неупругостъ бетона, Рига, 1″957; Сопротивление жестких полимерных материалов, (Якчоя бо дигар), Рига, 1967. нашри 2, 1972.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …