МАЛАЙЗИЯ (Malaysia), Федерацияи Малайзия, давлат дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, дар ҷануби нимҷазираи Малакка (Малайзияи нимҷазиравӣ), дар Шимол ва Шимолу Ғарбии ҷазираи Калимантан (Сабоҳ ва Саравак). Бо Тайланд, Индонезия, Бруней ҳамсарҳад буда, Аз ҷазираи, Суматра бо гул. Малайка ва аз ҷазираи Сингапур бо гулугоҳ чаҳор ҷудо аст. Аз 13 штат-иёлат (9 штат— мулки султонӣ, 4 штат-губернаторӣ) иборат аст. Масоҳати малайзия 333 ҳазор км мураббаъро ташкил медиҳад. Аҳолиаш 31 млн. сомонӣ (2017с.). Пойтахташ —Куала-Лумпур.
Сохти давлатӣ. Малай— ҳокимияти мутлақан конституционӣ. Сардори давлат ҳокими олист, ки ӯро Шӯрои ҳокимон, ҳокимони штатҳо ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунанд. Органи олии ҳокимияти қонунбарор парламент аст, ки он аз 2 палата — Сенат на Палатаи намояндагон иборат. Органи олии иҷроия — ҳукумат (кабинети вахирон) бо сардории сарвазир.
Системаи судӣ: суди федералӣ ва ду Суди олӣ, судҳои округӣ, судҳои шариатӣ ва ғ.
Аҳолӣ. Аҳолии мамлакат аз ҷиҳати таркиби этникӣ хеле мураккаб буда, дар он малаиҳо, хитоиҳо, халқҳои аслашон аз Ҳиндустон, Покистон ва Вангладеш, даякҳо, кадазанҳо, моланау, баҷу ва дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² беш аз 32 нафар Забони давлатӣ — малай. Дини ҳукмрон — ислом. Шаҳрҳои калон: Чортгаун, Ипох-Ҷоҳор-Бару, Кланг, Малакка.
Табиат. Малайзия дар минтақаи экваторӣ ҷойгир аст. Қисми зиёди нимҷазираи Малакка аз теппаю кӯҳҳои паст ва нисбатан баланд иборат аст (1000— 2000 м). Нуқтаи баландтаринаш к. Тахан (2190 м.) Қисми соҳилӣ пасти ҳамвор (бараш то 90 км), Соҳилҳои ҷазираи Калимантан ҳамворанд. Дар қисми миёнаи он теппа ва кӯҳҳо (баландиашон 2000—2400 м) воқеанд. Нуқтаи баландтарини Малайзия к. Канибалу (4101 м). Сарватҳои зеризаминӣ: қалъагӣ, оҳан, боксит, ангишту нефт ва ғ. Иқлимаш экваторӣ, дар Шимоли субэкваторӣ, муссонӣ. Ҳарорати миёнаи моҳона дар давоми сол 25°— 28° С. Боришоти солона дар районҳои соҳилӣ 2000—5000 мм. Дарёҳои Рананг, Паханг, Барам ва ғ. серобанд. Хокаш хокистарии латеритӣ, дар пастиҳо —аллювиалӣ. Аа қисми терр. Малайзияро ҷангалҳои тропикии сернам (нахл, бамбук ва ғ.) пӯшонидаанд. Олами ҳайвоноташ бой аст (фил, каркадани душоха, хирс, паланг, юз, шохбарзагов, маймунҳои одамшакл (орангутанг, гиббон). Растаниҳои тропикӣ ва ҳайвоноти тропикӣ дар курукҳои миллии Таман-Негара ва Бако гирд оварда шудаанд.
Малайзия дар Харита
Очерки таърихӣ. То соли 1963 дар терр. ҳозираи Малайзия колонияҳои Англия — Малайя, Саравак ва Сабоҳ воқеъ буданд.
Малайя. Дар замонҳои қадим дар терр. Малайя қабилаҳои негруавстралӣ ва австронезӣ сокин буданд. Дар ибтидои ҳазораи 1 м. қабилаҳои малай маскан гирифтанд. Аввалин давлатҳои феодалии Малайя асрҳои 1—3 м. ташкил шуданд, ки асри 8 ба империяи Шривиҷайяи Суматра тобеъ шуданд. Дар асри 13 князиҳои шимолӣ ва Маҷапахита князиҳои ҷанубиро тасарруф карданд. Малайя
Малайзияи Шарқӣ (Сабоҳ). Шолизор. асрҳои (б—16 ба ҳайати мулки султонии Малакка дохил буд. Асрҳои 16—18 парокандагии давлатҳои феодалӣ афзуд, ки дар натиҷаи он мустамлмкадорони Португалия ва Голландия ба ин сарзамин cap дароварданд. Аа охири асри 18 экспансияи Англия cap шуд. Мамлакат ба манбаи ашьёи хоми монополияҳои Англия табдил ёфт. Дар рафти муборизаи зидди мустамликадорон (ибтидои асри 20) аввалин ташкилотҳои буржуазӣ-домократӣ, солҳои 20 кружокҳои марксистӣ ва иттифоқҳои касабаи демократӣ ба вуҷуд омаданд. Соли 1930 Партияи Коммунистии Малайя (ПКМ) ташкил шуд. Солҳои 1941—42 Малайяро Япония забт кард. Таҳти роҳбарии ПKM дар мамлакат ҳаракати озодихоҳона авҷ гирифт. Охири соли 1942 дар Малайя бар зидди қӯшунҳои Япония армияи халқӣ ташкил ёфт, ки он чандин районҳои мамлакатро аз асорати истилогарон озод кард ва дигаргунсозиҳои демократӣ гузаронад. Баъди таслим шудани Япония (сентябри 1945). ба Малайя қӯшунҳои Англия даромаданд. Марҳилаи нави муборизаи озодихоҳона cap шуд. Дар зери фишори муборизаи озодихоҳона ҳокимияти сиёсӣ ба дасти феодалони Малайя ва буржуазҳои калон гузашт. 31 августи 1957 истиқлолияти мамлакат эълон шуд. Аммо баъди бастани шартнома доир ба мудофиа ва ёрии байниҳамдигарӣ бо Британияи Кабир (соли 1957) базаҳои ҳарбии Англия дар территорияи Малайя боқӣ монданд.
Дар асри 16 Сабоҳ ба ҳайати мулки султонии Брунсӣ ва Сулу дохил буд. Солҳои 1877—78 Сабоҳро консули Австрия-Венгрия дар Гонконг Овербек ва тоҷири англис Дент ба даст дароварданд. Солҳои 1942—45 қӯшунҳои ягон Сабоҳро забт карда буданд. Аз соли 1946 Сабоҳ мустамликаи Британияи Кабир гардид. Аз соли 1963 штати Малайзия мебошад. Саравакиз асрҳои аввали милод маълум аст. Терр. он ба давлатҳои Шривичайя ва Мачапахита, баъд аз асри 16 то нимаи якуми асри 19 ба султони Бруней тобеъ буд. Соли 1841 Саравакро моҷароҷӯи англис Ҷ. Брук ба даст даровард; солҳои 1861, 1882, 1885, 1890, 1905 ғ ва ворисонаш мулкҳои худро аз ҳисоби мулки султонии Бруней васеъ карданд. Сои 1850 ШМА ва соли 1964 Брнтанияи Кабир Саравакро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф намуданд. Соли 1888 Саравак протекторат, соли 1946 мустамликаи Англия шуд. Соли 1963 Саравак ҳамчун штат ба федерацияи Малайзия дохил шуд.
Дар солҳои охир дар мамлакат зиддиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дар ҷамоаҳои малай, хитой ва ҳиндӣ рӯҳияи миллатчигӣ, дар 2 штати Малайя Шимолӣ (дар ҷазираи Калимантан) тамоюлҳои сепаратистӣ боқӣ монданд. Чун солҳои пешина доираҳои ҳукмрони феодалию буржуазӣ, бар хилофи сиёсати Хитой, роҳи мустаҳкам намудани мавқеъҳои иқтисодии малаиҳоро давом доданд. Асоси роҳи сиёсати берунии Малайя ҳамроҳ нашудан ба блокҳо, ҳамзистии осоишта, ба «минтақаи сулҳ, озодӣ ва бетарафӣ» табдил додани Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (ОҶШ), баробари нигоҳ доштани робитаҳои мустаҳкам бо Британияи Кабир, Япония, ШМА ва Австралия, дар доираи АСЕАН инкишоф додани ҳамкории регионалӣ буд. Роҳбарияти Малайя нисбат ба дигаргуниҳои революционӣ дар Кампучия мавқеи манфӣ ишғол намуд, Совети революционии РХК-ро эътироф накард. Малайя дар сессияи 34 Ассамблояи Генералии ТДМ ваколатҳои «намояндаи» Пол Потро тарафдори кард ва яке аз муаллифони резолюцияс буд, ки он дахолатро ба корҳои дохилии РХК пешбинӣ менамуд. Дар айни ҳол тарафдори давом додани гуфтушунид бо РСВ, мудобили конфронтации байни мамлакатҳои аъзои АСЕАН ва давлатҳои нимҷазираи Ҳиндустон буд.
Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Партияҳои коалицияи ҳукмрон дар Фронти миллӣ (ФМ) муттаҳид гардидаанд. Партияҳои асосӣ дар ФМ: Ташкилоти муттаҳидаи миллии Малайя, соли 1946 таъсис ёфтааст. Манфиатҳои феодалон ва буржуазияи Малайяро ифода мекунад. Ассоциацияи хитоии Малайзия, соли 1946 таъсис ёфгааст. Партияи калонтарини буржуазияи маҳаллии хитоиён, Конгресси ҳиндустонии Малайзия. Соли 1949 таъсис ёфтааст. Манфиатҳои ҳиндуёни сарватманди маҳаллиро ифода мекунад. Партияи амалиёти демократ б. Соли 1966 таъсис ёфтааст. Партияи исломии панмалаи.
Соли 1951 таъсис ёфтааст. Партияи Коммунистии Малайя. Соли 1930 таъсис ёфтааст, аз соли 1948 дар шароити ғайрилеалӣ. Дар зери таъсири маоистон мебошад. Конгресси иттифоқҳои касабаи Малайзия. Соли 1949 таъсис ёфтааст.
Хоҷагӣ. Малайя— мамлакати аграрӣ буда, саноати маъдани кӯҳиаш тараққӣ кардааст. Иқтисодиёти он ба монополияи хориҷӣ, асосан ба монополияҳои Англия тобеъ мебошад; солҳои охир ба Малайя монополияҳои Япония, Америка ва дигар давлатҳо торафт бештар cap медароранд, роли капиталӣ хитоиҳои маҳаллӣ меафзояд. Ҳукумат планҳои панҷсолаи тараққиётро (барои солҳои 1966—70 ва 1971—75) қабул кард. Соли 1975 дар натиҷаи кризиси иқтисодие, ки ҷаҳони капиталистиро фаро гирифта буд, суръати тараққиёти иқтисодии Малайя хеле суст шуд. Xоҷагии қишлоқ. Ҳиссаи маҳсулоти умумии миллиро медиҳад, дар он 65% аҳолӣ кор мекунад. Хоҷагии плантационии капиталистӣ, ки асосан барои экспорт маҳсулот мебарорад, хеле тараққӣ кардааст. Малайя ба хориҷа каучук, равғани ҷавзи ҳиндӣ, мурч, ананас, чой, вюлӣ мефурӯшад. Моҳигирӣ ҳам инкишоф ёфтааст. Дар барбоари сохаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва коркарди ашьёи хоми хоҷагии қишлоқ саноати мошинсозӣ (заводҳои васли автомобил, мотоцикл, мошинҳои хоҷагии қишлоқ) электротехника ва электроника, саноати химия (лок, нуриҳои минералӣ) инкишоф меёбад. Корхонаҳои начандои калони саноати бофандагӣ, чӯбгарӣ, саноати хӯрокворӣ мавҷуданд. Косибӣ-ҳунармандӣ (кӯлолӣ, заргарӣ ва ғ.) аз қадим маъмул аст. Тӯли роҳи оҳан 1815 км ва автомобилгард 27 ҳазор км (1976). Нақлиёти баҳрӣ (бандарҳои Пинанг, Савдакав) роли муҳим мебозад. Дар Куала-Лумпур, Пинанг ва Кота-Канибалу аэропорт ҳаст. Соли 1970 байни Москва — Куала-Лумпур алоқаи ҳавоӣ кушода шуд.
Малайзия аз хориҷа мошин ва таҷҳизот, сӯзишворӣ, молҳои химиявӣ, металлҳои сиёҳ мехарад. Шарикони асосии савдояш: Япония, Сингапур, ШМА, Австралия, Британияи Кабир. “Воҳиди пул — ринггити Малайзия.
Адабиёт. Адабиёт ба забонҳои малай, хитоӣ, тамилӣ ва англисӣ инкишоф меёбад. Адабиёти малайзабон мавқеи асосӣ дорад. Сардафтари адабиёти нави Малайя Абдуллоҳ ибни Абдулқодири Муншӣ (1796—1854) мебошад. Муншӣ дар асари худ «Қисса бар васфи Абдуллоҳ» (1849) нобаробариҳои иҷтимоӣ, ҷоҳилии феодалонро танқид мекунад. Солҳои 1925—26 «Фарида-хонум» ном романи Саидшайх ибни Аҳмади Ҳодӣ, ки ҳаёти ҳамон солҳои Мисрро инъикос мекунад, ба хонандагон расид. Аҳмад Навобӣ ибни Муҳаммадалӣ, Аҳмад ибни Исмоил ва дигар асарҳои зиёд эҷод намудаанд. Аҳмад ибни Ҳоҷӣ Муҳаммадрашиди Тол романҳои «Дӯсти ҳақиқӣ», «Салма» ва дигар романҳои дидактикӣ офаридааст.
Солҳои 30 таъсири адабиёти нави Индонезия афзуд. А. Самад ибни Аҳмад, А. Бахтиёр, Р. Мансур ва дигарон дар рӯхи миллӣ асарҳо офариданд. Алалхусус дар романи арбоби ҳаракати миллӣ Абдуллоҳи Сиддиқ «Якҷоя мубориза барем» (1941) ғояҳои ватанпарварӣ ва мубориза бар зидди мустамликадорӣ ба хубӣ ифода ёфтааст. Дар солҳои 1945—57 дар адабиёт асарҳое, ки дар онҳо ҳаёти халқ инъикос гардидааст, мавқеи асосӣ ишғол намуданд. Соли 1950 як гурӯҳ нозиму носирон, аз ҷумла К. Мас, У. Аванг, М. Асраф, А. Самад Исмоил ва дигар иттиҳоди «Авлоди солҳои 50»-ро ташкил намуда, «Санъат барои ҷамъият»-ро шиори худ қарор доданд. Солҳои 60 А. Самад Саид («Селина», 1961), А. Ват («Гардиш», 1965), А. Алӣ («Бӯҳрон», 1966), А. Самад Исмоил («Вазир», 1967), С. Усмон Келантан («Шаббодаи шимолу шарқӣ», 1969) ва дигар асарҳоро офаридаанд, ки дар онҳо меҳру муҳаббати халқ нисбат ба ватани худ ва адовату нафрат нисбат ба мустамликадорон инъикос гардидааст. Дар Малайя ба забони тамилӣ (К. Перумал, Г. С. Шаимугам) ва дигар забонҳо асарҳо эҷод мешаванд.
Маориф. Мактабн ибтидоӣ 6-сола, мактабҳои миёна ба ду зина, синфҳои поён 3-сола ва синфҳои боло —2 ва 4-сола тақсим мешавад. Тайёрии касбҳои техникӣ дар мактабҳои касбҳои техникӣ ва курсҳои педагогӣ, ки дар базаи мактаби миёна кор мекунанд, гузаронида мешавад. Соли таҳсили 1974/75 дар мактабҳои ибтидоӣ 2,3 млн, дар мактабҳои миёна 93,5 ҳазор, дар системаи тайёрии касбҳои техникӣ 54,2 ҳазор нафар талаба мехонд. Дар мамлакат чунин мактабҳои олӣ: Университети Малайя, (таъсисаш 1962, Куала-Лумпур), Университети илмҳои табиатшиносӣ (таъсисаш 1969, Пинанг), Университети технологӣ (таъсисаш 1954, Куала-Лумпур), Университети хоҷагии қишлоқ (таъсисаш 1973, Селангор), Университети миллӣ (таъсисаш 1970, Куала-Лумпур) мутахассисҳои гуногун тайёр мекунанд. Китобхонаҳои калон: Китобхонаи давлатии Саравак, китобхонаи университет, Китобхонаи миллии Куала-Лумпур. Дар Малайя 5 музей ҳаст.
Матбуот, радио, телевизион. Соли 1976 дар мамлакат газетаҳои ҳаррӯза ба забони малай: «Утусан Мелайю» («Utusan Melau»), «Берита хариан» («Berita Harian»), «Утусан Малайзиа» («Utusan Malaysia»); ба забони англисӣ: «Нью стрейтс тайме» («New Straits Times»), «Малай мейл» («The Malay Mail»); ба забони хитоӣ: «Наньян шанъбао», «Синьчжоу жи-бао», «Чжунго бао»; ба забони тамилӣ: «Тамил несан», «Тамил малар» чоп мешуд. Дар Сабоҳ, Саравак ва дар баъзе шаҳрҳои калон газетаҳои маҳаллӣ нашр мешаванд. Агентии миллии ахборот — Бернама (1967) ва телевизион (1963) кор мекунанд.