Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАҲРУМ Тиллокчанд

МАҲРУМ Тиллокчанд

nophotoМАҲРУМ Тиллокчанд (1. 7. 1887, Гуҷранвала, ноҳияи Мианвалии Панҷоб«—15. 1. 1966), шоири ҳинду. Ба урду менавишт. Асарҳои асосиаш «Каломи Маҳрум» (к. 1—3, 1915—16, 1931), «Рубоиёти Маҳрум» (1934), «Ганҷи маънӣ» (1957). Ашъори шоир аз афкори фалсафӣ саршор аст. Дар зҷодиёти Маҳрум лирикаи пейзажи мавқеи хос дорад. Дар рубоӣ ва қитъаҳои шоир анъанаҳои адабиёти форсизабон ва санскрипти ҳинд омезиш ёфтаанд. Солҳои 30 дар давраи инкишофи ҳаракати миллии озодихоҳӣ мавзӯи ватандӯстӣ дар эҷодиёти Маҳрум мавқеи муҳим дошт.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …