МАҲМУДИ СИЁВУШ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввари асри 15. форс-тоҷик. Санъати наққоширо дар шероз омӯхт. Ӯ аслан аз Гурҷистон буда, аз овони кӯдакӣ дар назди наққошони Шероз тарбият ёфтааст. Маҳмуди Сиёвуш аз шогирдони Музаффаралии Наққош. Дар хушнависӣ, ҳалкорӣ, заркӯбӣ ва ҷадвалкашӣ моҳир буд, дар пайкарнигорӣ, манзаранигорӣ ва сиёҳқаламӣ сабки хосе дошт. Маҳмуди Сиёвуш дар санъати тасвирӣ услуби Беҳзодро пайравӣ менамуд. Бо қалами ӯ ду нусха девони Саъдӣ, девонҳои Низомӣ ва Ҷомӣ оро ёфтааст.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …