МАГАЗИН (аз арабӣ с— хазина, анбор); 1) корхонаи асосии системаи савдои чакана. Магазин дорои зали савдо ва биноҳои иловагӣ (барои қабул ва омода намудани молҳо барои фурӯш) мебошад. Магазин махсус (пои, сабзавоту мева, шир, небел, китоб, пойафзол) ва номахсус (барои фурӯши молҳои гуногун) мешавад. Магазинҳои омехтаи озуқаворӣ ва молҳои саноатӣ низ вуҷуд доранд. Дар РСС Тоҷикистон калонтарин Магазини фурӯши молҳои саноатӣ ЦУМ ва хӯрокворӣ «Универсам» (Душанбе) мебошад. Мувофиқи типашон Магазинҳои худхизматрасонӣ, Магазин— салон, Магазин— автомат ва Магазини фурӯши воситаҳои истеҳсолот ҳастанд. Барои бештар фоида бурдани аҳолӣ дар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин марказҳои савдо сохта мешаванд, ки дар онҳо Магазинҳо бо муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо ҷойгир шудаанд. Дар РСС Тоҷикистон (1976) 6962 Магазини давлатию кооперативӣ буд; 2) қуттиҳои махсуси чизандозии мошин, механизм ва дастгоҳҳои автомат Мас., магазини аппарати суратгирӣ; 3) қуттиҳое, ки дар онҳо ҳуруфоти нашриёт меистанд (магазини ҳарфҳо); 4) магазини ченакҳо, комплекси ченакҳои бузургиҳои ҷараён; 5) ҷиҳозҳои қуттӣ, диск, барабан ё найчашакл, ки барои бо тартиби муайян ҷойгир кардани тир (снаряд)-и карабин, пистолет, автомат, пулемёт, тӯп ва ғ. истифода мешавад.