Маълумоти охирин

МАДҲИЯ

МАДҲИЯ (арабӣ -асари таърифӣ, тавсифӣ), асари бадеие, ки дар тавсифи шахсе, воқеае ё чизе суруда мешавад. Мувофиқи анъанаи адабиёти классикии форс-тоҷик муқаддимаи аксари достонҳои эпикӣ ва лирикию эпикӣ бо Мадҳия оғоз ёфтааст. Муқаддимаи достонҳои «Хамса»-и Низомӣ, «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ ва дигар аз ҷумлаи чунин Мадҳияҳо мебошанд. Як қисми Мадҳияҳое, ки дар муқаддимаи асарҳо ҷой дода шудаанд, ба асосгузорони равияҳои фалсафӣ, ҳокимони давр, дӯстону наздикон ва устодон бахшида мешуданд. Баъзан муаллифон Мадҳияро ба васфи ин ё он шоири дигаре мегӯянд, ки асарашро мавриди ҷавоб қарор додаанд.

МАДҲИЯ

Чунинанд Мадҳияҳое, ки дар муқаддимаи достонҳои «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Навоӣ ва «Сифот-ул-ошиқин»-и Ҳилолӣ ва дигар омадаанд. Мадҳия дар навъҳои гуногуни шеърӣ: маснавӣ, ғазал, мухаммас, қитъа, қасида, мусаммат, рубоӣ ва ғ. суруда мешавад. Дар баъзе таълифоти адабиётшиносӣ Мадҳия фақат ба маънии қасида омадааст.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …