МАДАНИЯТИ КРИТУ МИКЕН, маданияти Эгей, номи шартии маданияти давраи биринҷии Юнони Қадим (2800—1100 то м.). Аз номи ёдгориҳои Крит ва Микен. Марказҳои асосии Маданияти Криту Микен дар натиҷаи ҳафриёте, ки солҳои 70 асри 19 археологи немис Г. Шлимаи дар Микен ва солҳои 1900— 20 А. Эванс дар ш. Кносс гузарондаанд, муайян гардиданд. Ёдгориҳо шаҳодат медиҳанд, ки Маданияти Криту Микен асосан аз миёнаи ҳазораи 2-то м. ягона будааст. Ҳанӯз дар асри 19 муайян карда шуд, ки Троя, Микен, Филакоп аз якчанд қабати археологӣ иборатанд. Аввали асри 20 мувофиқи таклифи А. Эванс таърихи Крит (ҳазораҳои 3—2 то м.) ба 3 давра (Миноси давраҳои аввал — тақрибан 3000 — 2200, Миноси миёна — тақрибан 2200 — 1600, Миноси давраҳои охир — тақрибан 1600—1200 то м.) тақсим карда шуд. Ба маданияти Миноси давраҳои аввали гузариш ба энеолит, истифодаи биринҷӣ (тақрибан аз соли 2600 то м.), буньёди бошишгоҳҳои типи шаҳрӣ, паҳншавии чорводорӣ ва инкишофи баҳрнавардӣ хос аст. Дар ин давра нобаробарии молу мулкӣ ва таназзули сохти авлодӣ авҷ гирифт.
шамати Кносс, асбоби ороиш ва мустаҳкамии деворҳои он шаҳодат медиҳанд. Дар Крита ин давра хати пиктографи (ҳуруфоти суратӣ) паҳн гардид.
Солҳои 1700—1450 Кносс ба давлати пурқуввати баҳрӣ табдил ёфта, ҳокимони он на танҳо Киклад, балки қисми Элладаи материкиро низ ба худ тобеъ намуданд. Дар як вақт робитаи баҳрии Крит бо Миср ва соҳили ҷанубии Осиёи Хурд қувват гирифт. Иқтидори подшоҳони Крит — миносҳо дар ривоятҳои юнонӣ, мусаввараҳои қасри Кносс акс ёфтаанд. Материалҳои ҳафриётӣ дар Гурния, Врокастро, Тилисос ва ғ гузаронидашуда дар бораи инкишофи шаҳрҳои давраи Крит шаҳодат медиҳанд. Қасрҳои ҳокимони Кносс ва Гурния бо маҳалҳои аҳолинишин иҳота буданд.
Дар нимаи дуюми асри 15 то м. ахейҳои Пелопоннес Кноссро забт намуданд. Ҳуруфоти маҳаллӣ бо талаби истилогарон тағйир дода шуд. Тақрибан соли 1400 то м. заминҷунбии калон қасрҳои Кноссро вайрон кард, ки баъди он мавқеи Кносс дар галаҷазираи Эсей ва тамоми баҳри Миёназамини Шарқӣ суст шуд ва нуфузи Микен афзуд. Барои Маданияти Криту Микен қасрҳои подшоҳнишини деворҳояш аз сангҳои калон сохташуда хос аст. Давраи инкишофи Микен ба асрҳои 26—13 то м. рост меояд. Роҳҳои сангфарш, ки Микенро бо маҳалҳои гуногуни Пелопоннес ва ҳатто Юнони Марказӣ мепайвастанд, дар бораи иқтидори ҳокимияти марказӣ шаҳодат медиҳанд. Микениҳо дар ин давра бо Шарқи Наздик робита доштанд.
Дар охири асри 13 то м. таназзули маданияти Микен cap мешавад. Сохтмон (ғайр аз мудофиавӣ) қатъ гардида, робита бо мамлакатҳои берунӣ суст шуд. Эҳтимол ин ҳодиса бо ҷанги Троя алоқаманд бошад. Ба ҷамъияти Маданияти Криту Микен ҳиҷрати калони этникии асри 12 то м., аз ҷумла ҳиҷрати дорийҳо, ки саросар марказҳои мадании Микен ва давлатҳои ғуломдории ибтидоии Криту Микенро нест карданд, зарбаи сахт зад. Дар ҷамъияти Маданияти Криту Микен муносибатҳои ғуломдорӣ ташаккул меёфт. Дар хоҷагиҳои дарбор ғуломони зиёд буданд, ки дар байнашон муносибатҳои авлодӣ вуҷуд дошт. Сустии пояи иҷтимоии аввалин ҷамъияти ғуломдории Маданияти Криту Микен боиси аз байн рафтан ва дар аввали ҳазораи 1 то м. ба сохти авлодӣ баргаштани он гардид.
Аҳамияти асосии Маданияти Криту Микен дар он аст, ки дар ноҳияи паҳншавии он бори аввал дар ҳудуи Аврупо ҷамъияти синфӣ ва давлат пайдо шуда хат ва тамаддуни мукаммал ба вуҷуд омад. Дар ҷамъияти Маданияти Криту Микен меъморӣ, нақшунигори рӯи девор, ҳайкалтарошӣ, асбобҳои сафолии мунаққаш, муҷассамасозӣ аз биринҷӣ, санг, устухони фил ва ғ. ба авҷи тараққиёт расид. Бисёр муваффаққиятҳои ба ганҷинаи маданияти Маданияти Криту Микен ҷаҳонӣ дохил гардид.