МАҶЛИСОВ Одил (таваллуд 1910, деҳаи Орварди Дарвози Афғонистон), муаррихи советии тоҷик, доктори илми таърих, (1088), проф 1970. Муаллими хизматнишондодаи Мактаби РСС Тоҷикистон (1960), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1971). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1946. Соли 1921 ба деҳаи Нреди райони Қалъаихум омада, то соли 1928 батракӣ кард. Соли 1928 комсомол Маҷлисов ро ба ш. Душанбе ба мактаби ҷавонони камбағал фиристод, ки онро соли 1930 хатм карда, ба КМ ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба кор даромад.
Соли 1931 дар муборизаи зидди дастаи басмачиён фаъолона иштирок намуд, Соли 1932 дар хизмати ҳарбӣ буд.
Соли 1933 мудири шӯъбаи ташкилии Комитети иҷроияи pайони Орҷоникидзеобод буд, 1940 Институти давлатии педагогии ш. Сталинободро хатм карда, ҳамчун муаллими таърих ба Омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа фиристода шуд. Солҳои 1942—45 муаллими Институти давлатии педагогии ш. Лeнинобод, 1945 сардори шӯъбаи кадрҳои Комиссариати маорифи халқ таъин шуд. Солҳои 1947—52 дар Ин-ститути тадқиқоти илмии мактабҳо кор кард. М. муаллифи асарҳои «Материали кишваршиносӣ оид ба таърихи Тоҷикистон» (1957), «Қаротегин дар арафаи барпо намудани Ҳокимияти Советӣ» (1959), «Муносибатҳои аграрӣ дар Бухорои Шарқӣ дар асрҳои XIX — аввали XXI (1967) мебошад. Аз соли 1952 дар Институти давлатии педагогии Душанбе декан, доцент ва мудири кафедраи таърих шуда кор кардааст. Ҳоло муаллими ҳамин донишкада мебошад. Бо медаль ва Грамотаи Фахрии Президиуми Советӣ Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.