Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Луисвилл

Шаҳри Луисвилл

ЛУИСВИЛЛ (Louisville) – шаҳрест дар ИМА, дар штати Кентукки. Аҳо­лиаш 660 ҳазор нафар (2017 сол), бо атрофаш 780 ҳазор нафар. Луисвилл бандари калон дар дарёи Огайо, узели нақлиёт, маркази муҳими савдо ва саноат аст. Соҳаҳои асосии саноатиш: коркарди тамоку, винобарорӣ (вискӣ), электротехникӣ, истеҳсоли каучуки синтезӣ, пластмасса.

Шаҳри Луисвилл
Сурати шаҳри Луисвилл

Дар Луисвилл инчунин заводои гӯшт, васли қисмҳои автомо­бил, осиё ва корхонаҳои истеҳсоли (мошинҳои хоҷагии қишлоқ мебел ҳастанд. Луисвилл маркази калони савдои тамоку ва аспҳои зотист. Донишгоҳ доpaд, ки номи «Луисвилл» дошта дар асри 18 бунёд шудааст.

ЛУИСВИЛЛ ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …