Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Либоси ҳарбӣ

Либоси ҳарбӣ

ЛИБОСИ ҲАРБӢ (НИЗОМӢ), навъи либоси расмии махсус, ки аслан хизматчиёни ҳарбӣ мепӯшанд. Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба гурӯҳи Либосхои ҳарбӣ — либосҳои рӯ (шинел, бушлат, палто, плаш, мундир, кител, куртка, тужурка, шим ва ғайра таалуқ дорад); каллапӯшҳо (попох, кулоҳ, фуражка, пилотка, берет); куртаи рӯ, галстук, кашне (гарданбанд), дастпӯшак; пойафзол (мӯза, ботинка, туфлӣ); камарбанд, тасмаи камар ва ғайра мансубанд.

Либосхои ҳарбӣ

Нишонҳои фарқкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ низ ҷузъи ҳатмии Либоси ҳарбӣ мебошанд. Либоси расмиро аз рӯи навъи қӯшун (хизмат) рутбаи ҳарбӣ ва аломатҳои тафриқаи онро Шӯрои олии Тоҷикистон муқаррар мекунанд. Ҳамаи хизматчиёни ҳарбии дар хизмати ҳарбӣ буда, суворовчиён, нахимовчиён, инчунин генералҳо, адмиралҳо, офисерон, прапоршикҳо ва мичманҳо, ки дар запас ё истеъфоанд, ҳуқуқи Либоси ҳарбӣ пӯшиданро доранд. Намудҳои зерини Либоси ҳарбӣ  муқаррар карда шудаанд: идона, идонаю ҷойравӣ, доимӣ (ҳаррӯза), ҷангӣ ва корӣ. Ҳар яке аз ин формаҳо тобистонаю зимистона мешаванд; дар Флоти ҳарбию баҳрӣ рақамгузорӣ (рақамҳои 1—6) низ вуҷуд дорад. Унсурҳои Либоси ҳарбӣ ҳанӯз дар армияҳои дунёи қадим (Миср, Ошур, Форс, Юнони Қадим) пайдо шуда буданд. Либоси ҳарбӣ бештар дар армияи Рими Қадим инкишоф ёфт. Дар он либоси якранга (бештар ранги сафед) муқаррар карда шуда буд.

Доир ба Либосҳои ҳарбӣ аскарони подшоҳони Мовароуннаҳру Хуросон низ баъзе маълумотҳои хаттиву археологӣ мавҷуданд. Дар натиҷаи хафриётҳоти дар Помир гузаронидашуда маълум гардид, ки ҷанговарони сакоӣ либоси чармин мепӯшидаанд. Дар давлати Суғд ҷанговарон аз рӯи категория аҳолӣ ба гурӯҳҳо тақсим мешуданд. Саворагонро аксаран намояндагони синфи ҳукмрон — деҳқо-нон ташкил карда, барои аз лашкари пиёда фарқ намудан хифтоиҳои махсуси ҷавшандор мепӯшиданд ва миёни худро бо камарбанди зарбофт мебастанд. Дар давраи ҷангҳо шамшеру ханҷар, тиру камон овехта, тоскулоҳу ҷавшан дар бар мекарданд. Археологҳо аз димнаҳои Панҷакенти бостонӣ тасвиротеро пайдо намуданд, ки онҳо муҳориба ва ҷамъомадҳои аскаронро инъикос мекунанд.

Замони ҳукмронии сулолаи Сомониён дар Мовароуннаҳру Хуросон дар артиш ислоҳотҳо гузаронида шуданд, ки онро хеле пурқувват намуданд. Дар армияи Сомониён аксяриятро ғуломон ташкил менамуданд, ки онҳо дар соли якуми хизмат либоси нимабрешимии зандавагӣ пӯшида, дар қӯшуни пиёда хизмат мекарданд. Дар соли дуюми хизмат миёнбанди оддии чармӣ мебастанд. Соли сеюм қарочур (як навъ либоси ҳарбӣ), соли панҷум зину афзори пурқиммат, соли шашум унвон мегирифтанд. Дар соли ҳафтуми хизмат барои аз дигар отрядҳо фарқ кардан каллапӯши сиёҳи пашмӣ мепӯшиданд, онҳо гвардияи шахсии шоҳони Сомониро ташкил медоданд. Дар даврҳои ҳукмронии сулолаҳои Қарахониён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён дар лашкар чандон тағйроти куллӣ ба амал омад. Танҳо дар замони ҳукмронии Темур дар артиш тағйроти ҷиддӣ ба вуқӯъ омад. Темур барои аз ҳамдигар фарқ кунондани отрядҳояш ва аз лашакарҳои дагар фарқ кунондани армияи худ либосҳои ҳарранга ва аломатҳои гуногун ҷорӣ намуд. Дар ин давра яроқи оташфишонӣ пайдо шуд.

Дар асрҳои 15— 17 бо пайдоиши армияҳои доимӣ либосҳои нисбатан якхелаи танҳо аз ҷиҳати ранг фарқкунанда ба вуҷуд омаданд: дар Англия отрядҳои тирандозон Либосҳои ҳарбии кабудранг мепӯшиданд. Дар бисёр мамлакатҳо гвардиячиён либосҳои ҳам ранги герби давлати худро мепӯшонданд. Дар қӯшунҳои Фаронса аз асри 15 каму беш либосҳои якхела, вале гуногунранг ҷорӣ гардиданд. Дар вақти Ҷанги сисола (1618—48) дар армияи шведҳо бригадаҳои «сабз», «сафед», «сурх», полкҳои «сабз» ва ғайра буданд, (ки танҳо бо рангашон тафовут доштанд.

libosi_harbi_rumiДар қӯшунҳои «Империяи Рими муқаддас» драгунҳо хифтони (камзули дароз) сурх ва егерҳо хифтони кабуд мепӯшиданд. Аввалин Либосҳои ҳарбӣ якхеларо (аз рӯи навъ ва сохти қӯшун) дар Фаронсадар аҳди Людовики XIV солҳои 70—72 назири ҳарбӣ Ф. М. Лувуа ҷорӣ намудааст. Вай барои гвардия мундирҳои кабуди астарсурх, барои драгунҳо — мундирҳои сурх, барои кавалерҳои сабук — хокистарранги сурхчатоб, барои пиёда қӯшун — хокистарранг ва ғайра муқаррар намуд. Дар армияи курфюрстӣ Фридрих Вилгелм (Бранденбург) се хели Л. К (сурх, кабуд ва хокистарранг) буд.

Дар Россияи аввали асри 17 тирандози хафтонҳои сурх (бо ҳамоили сафед), дар нимаи 2-юми асри 17 хифтонҳои гуногунранг, каллапӯши моҳут ва музаҳои гуногунранг мепӯшиданд; полкҳоро аз ранги хифтон, гиребон, телпак ва мӯза фарқ мекарданд. Ба муносибати аз тарафи Пётри 1 ташкил карда шудани армияи мунтазам дар ибтидои асри 18 либоси ягонаи ҳарбӣ ҷорӣ гардид, Масалан дар қӯшунҳои пиёда хифтони кабудранг, дар кавалерия—хифтони сабз, камзули сурх ва шимҳои кӯтоҳ ҷӯроб (дар гвардия — сурх, дар армия — сабз), кафш, кулоҳи секунҷаи орододашуда, телпакҳои чармин (дар ротаҳои превадерӣ ва бомобаандоз) ва ғайра.

Соли 1711 либосҳои якхелаи матросӣ муқаррар карда шуд: хифтони хокистарранги (баъдтар сабз) моҳут, шалвори кӯтоҳ ҷӯробҳои кабуд, кафши риштаи мисиндор, кӯлоҳи сиёҳи намадини лапардор. Соли 1718 Либосҳои ҳарбии корӣ ва тобистона ҷорӣ шуд. Офитсерони флот даставвал либоси махсуси низомӣ ва доштанд. Соли 1732 барои онҳо хафтони кабудранги (аз соли 1735 —кабуди паст) астарсурх муқаррар карданд. Соли 1763 барои полкҳои гуногуни пиёдақӯшун истифода бурдани погон расм шуд. Онро ба китфи чап мезаданд. Баъди он барои баталонҳои мушкетёрӣ ва гренадерӣ акселбант ҷорӣ гардид. Асри 19 ва аввали асри 20 дар армияи рус акселбантро генералҳо, жандармҳо, адютантҳо истифода мебурданд. Ҳамин тавр, бо пешрафти ҷамъият ва пурқувват гардидани иқтидори қувваҳои мусаллаҳ либосҳои зебои замонавӣ ҷорӣ карда шуданд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941—45 дар Қувваҳои Мусаллаҳи шӯъравӣ (1943) погон ҷорӣ гардид. Ҳарбиён мундира расмии идонаи дорои тугмаҳои якқатораи ростгиребон мепӯшиданд. Соли 1963 барои қӯшунҳои баҳрӣ либоси махсуси сиёҳранг муқаррар намуданд. Аа соли 1972 Қувваҳои Мусаллаҳи Советӣ ба формаи нави Либоси ҳарбӣ гузаштанд; кители фронтӣ гимнастёркаро иваз кард, барои солдатҳо ва сержантҳо либоси расмӣ — мундирҳои гиребонкушод, ки бо курта ва галстук мепӯтшанд, шими идона ва ботинка муқаррар шуд. Ранги ягонаи анъанавии русӣ — ранги баҳри мавҷнок барои Либоси ҳарбии расмии идонаи маршалҳо, генералҳо, офитсерон ва прапоршикҳои қӯшунҳои хушкигард тасдиқ гашт. Ранги либоси хизматчиёни ҳарбии баландрутбаи авиатсия ва қӯшунҳои десанта ҳавоӣ кабуд аст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …