Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қуллаи ПРАВДА

Қуллаи ПРАВДА

ПРАВДА, қуллаест дар қаторкӯҳи Академияи Фанҳо (Помири Шимолию Ғарбӣ), ки ҷанубтар аз қ. Ком­мунизм воқеъ аст. Баландиаш 6378 м. Нишебии ҷанубии қулла ба тарафи пиряхи Беляев (ҳавзаи пиряхи Гармо) ва нишебии шарқиаш ба сӯи пиряхи Бивачний (ҳавзаи пиряхи Федченко) рост фаромадаанд. Иштирокчиёни Экспедитсияи Помир ва ноҳияҳои дигари Тоҷикистони АФ СССР қулларо ба шарафи газетаи «Правда» номидаанд.

В. Машков.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …