Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Корти Миллӣ

Корти Миллӣ

Таърих: Оғози барасии масъалаи рушди низоми пардохт-15 марти соли 2010;

  1. Супориш Ҳукумати Ҷумцурии Тоҷикистон оиди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ – 29 октябри соли 2011;
  2. Оғози фаъолият: моҳи январи соли 2012;
  3. Тасдиқи Қоидаҳои НПМ «КОРТИ МИЛЛИ» :моҳи июни соли 2012;
  4. Соли 2016 шумораи иштирокдорони НПМ «КОРТИМИЛЛИ» 18-ташкилоти қарз к, аз он ҷумла 15 бонк ва 3-ТАҚХ расид.

korti_milli

Мақсади ташкили корти миллӣ:

  1. Ташкили заминаи мустаҳакаму соҳибихтиёр;
  2. Кам кардани хавфи таъсири омилҳои беруна;
  3. Рушди инфрасохтори қабул, хизматрасонӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои кортҳои пардохтӣ;
  4. Ҳисоббаробаркуниҳои иштирокдорони низом бо пули миллӣ тавассути Бонки миллии Тоҷикистон;
  5. Интегратсия бо лоиҳаҳои корти амалкунанда;
  6. Мутобиқат ба стандартҳои низомҳои пардохтии байналмилалӣ;

Бозори корти милли

Қоидаҳои фаъолияти Низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ”

Қоидаҳои фаъолияти Низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” (минбаъд ‐ Қоидаҳо) мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия шуда, фаъолияти низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ”, сохтори ташкилӣ ва тартиби ҳамкории иштирокдорони Низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ”, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти онҳоро муайян менамояд.

  1. Муқаррароти умумӣ
  2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

Низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” (минбаъд ‐ НПМ «КОРТИ МИЛЛӢ») ‐ Низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳо тавассути кортҳои пардохтии бонкии “КОРТИ МИЛЛӢ”, ки мутобиқи талаботи Қоидаҳои мазкур ба Иштирокдорон барои эмиссия (барориш) ва эквайринги кортҳо имконият медиҳад;

танзимгари НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” (минбаъд ‐ Танзимгар) –ташкилоте, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои таъминифаъолият ва амнияти технологии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” ваколатдоршудааст;

иштирокдори НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” (минбаъд ‐Иштирокдор) – ташкилоти қарзие мебошад, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”‐ро амалӣ

менамояд;

эмитент – Иштирокдоре, ки тибқи Қоидаҳои мазкур бо барориши кортҳои пардохтии бонкӣ машғул мебошад;

эквайер – Иштирокдоре мебошад, ки тибқи Қоидаҳои мазкур қабули кортҳои пардохтиро дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ,

қабул ва/ё пешниҳоди пули нақдро аз рӯи амалиётҳо тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар амалиётҳоро иҷро менамояд;

эквайринг – фаъолияти ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди пули нақд ба дорандагони корт, аз ҷумла муносибатҳои шартномавӣ бо муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки кортҳои пардохтии бонкиро ба сифати воситаи пардохти молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо қабул менамоянд;

рақами мушаххаси бонкӣ (РМБ) (ихтисораи BIN мутобиқи

амалияи байналмилалӣ) – рақами ягонае мебошад, ки ба Иштирокдор барои мушаххас кардани фаъолияти эмиссионӣ ва/ё

эквайрингии ӯ дода мешавад;

Шабакаи терминалӣ – терминалҳо, банкоматҳо, таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва дигар таҷҳизот, ки инфрасохтори техникии қабул ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро ташкил

медиҳанд;

Иштирокдори мустақим – Иштирокдоре, ки мустақиман ба

НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” пайваст гардидааст;

пайвастшавии мустақим – чунин тарзи пайвастшавии Иштирокдор мебошад, ки дар он пешбурди пойгоҳи маълумотҳои кортҳои пардохтӣ, авторизатсияи транзаксияҳо ва дастгирии Шабакаи терминалии Иштирокдор аз ҷониби Танзимгари НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” амалӣ мегардад;

пайвастшавии байниҳостӣ (ихтисораи Н2Н мутобиқи амалияи байналмилалӣ) – чунин тарзи пайвастшавии Иштирокдор мебошад,

ки дар он пешбурди пойгоҳи маълумотҳои кортҳои пардохтии худи Иштирокдор, авторизатсияи транзаксияҳо ва дастгирии Шабакаи терминалии Иштирокдор дар маҷмааи барномавию техникии худи Иштирокдор амалӣ мегардад;

клиринг – тартиби аз ҷониби Танзимгар омода кардани ҳисоботҳои клирингӣ ба Бонки ҳисоббаробаркунӣ барои гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои ниҳоӣ байни Иштирокдорон аз

рӯи амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ;

суратҳисоби муросилотӣ (минбаъд ‐ Суратҳисоб) – суратҳисобе мебошад, ки ба Иштирокдор дар Бонки ҳисоббаробаркунӣ барои гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои ниҳоӣ аз рӯи амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” кушода шудааст;

Бонки ҳисоббаробаркунии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” (минбаъд ‐ Бонки ҳисоббаробаркунӣ) – Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, ки хизматрасонии Суратҳисобҳои Иштирокдоронро аз рӯи кортҳои пардохтии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” амалӣ менамояд;

авторизатсия – тартиби тасдиқ намудани ваколатҳои дорандаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби эмитент барои гузаронидани амалиёт бо истифодаи корти пардохтии бонкӣ;

транзаксия – маҷмӯи амалиётҳои технологӣ ва/ё молиявӣ ҳангоми истифодабарии корти пардохтии бонкӣ ё мушаххасоти он;

роҳнамоӣ (маршрутизатсия) – раванди аз нав равон кардани

транзаксияҳо байни Иштирокдор ва Танзимгар

персонализатсияи кортҳои пардохтӣ – раванди ҷойгиркунии

иттилооти мушаххаскунанда ба корти пардохтии бонкӣ, сабт ба

хотираи микропротсессор (чип) ва/ё навори магнитии корт, ки тибқи

Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудааст.

4

  1. Ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои

мазкур Танзимгар дар ин бора ҳатман иштирокдоронро на дертар аз

15 (понздаҳ) рӯзи тақвимӣ пеш аз мавриди амал қарор гирифтани

тағйиру иловаҳо огоҳ менамояд. Ҳар як Иштирокдор доир ба ворид

намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои мазкур метавонад таклифҳои

худро пешниҳод намояд.

  1. Иҷро намудани Қоидаҳои мазкур барои ҳамаи

Иштирокдорон ҳатмӣ мебошад.

  1. Сохтори ташкилии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”
  2. НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” аз қисмҳои зерин иборат

мебошад:

‐ Бонки ҳисоббаробаркунӣ;

‐ Танзимгар;

‐ Иштирокдорон.

  1. Бонки ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи Суратҳисобҳои дар Бонки

миллии Тоҷикистон кушодаи Иштирокдорон ҳисоббаробаркунии

ниҳоии амалиётҳоро тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ амалӣ

менамояд.

  1. Танзимгар вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

‐персонализатсияи кортҳои пардохтӣ;

‐роҳнамоӣ ва коркарди транзаксияҳо дар шабакаҳои

терминалии ба НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” ва дигар низомҳои

пардохтии байналмилалӣ/маҳаллӣ пайвастгардида;

‐таъмини фаъолият ва амнияти шабакаи НПМ «КОРТИ

МИЛЛӢ;

‐гузаронидани арбитраж аз рӯи транзаксияҳои баҳсталаб;

‐рушду такмили НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”;

5

‐дигар вазифаҳое, ки дар шартномаҳои дахлдор пешбинӣ

шудаанд.

  1. Танҳо Иштирокдорон ҳуқуқи барориш ва хизматрасонии

кортҳои пардохтии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”‐ро доранд.

  1. Ба Иштирокдорон эмиссия ва эквайринги кортҳои

пардохтии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” барои тарафҳои сеюм, ки

Иштирокдор нестанд, манъ аст.

  1. Тартиби пайвастшавӣ ба НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”
  2. Барои пайвастшавӣ ба НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” ташкилоти

қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи банди 21‐и Қоидаҳои

мазкур ҳуҷҷатҳоро пешниҳод менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон

дар муддати 5 (панҷ) рӯзи корӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо баррасӣ

намуда, барои ба ташкилоти қарзӣ додани мақоми Иштирокдор

қарор қабул менамояд.

  1. Баъди гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон,

ташкилоти қарзие, ки гирифтани мақоми Иштирокдори НПМ

“КОРТИ МИЛЛӢ”–ро дархост кардааст, бо Бонки миллии Тоҷикистон

Созишнома оид ба иштирок дар Низоми пардохти миллии “КОРТИ

МИЛЛӢ” ва Шартнома “Дар бораи гузаронидани

ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиётҳо бо истифодаи кортҳои

пардохтии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”, ҳамчунин бо Танзимгари НПМ

“КОРТИ МИЛЛӢ” Шартнома “Дар бораи пешниҳоди

хизматрасониҳои протсессингӣ” ба имзо мерасонад.

  1. Тартиби боздошт ва қатъ гардидани иштирок дар НПМ

“КОРТИ МИЛЛӢ”

  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад иштирок намудани

Иштирокдорро дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” дар ҳолатҳои зерин бо

тартиби яктарафа қатъ гардонад:

6

Иштирокдор кифоя будани маблағҳоро дар Суратҳисоби худ

дар Бонки ҳисоббаробаркунӣ барои гузаронидани

ҳисоббаробаркуниҳои ниҳоӣ аз рӯи амалиётҳои бо истифодаи

кортҳои пардохтӣ иҷрогардида, таъмин карда натавонад;

қабул шудани қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар

бораи бозхонди иҷозатномаи Иштирокдор барои гузаронидани

амалиётҳои бонкӣ;

Иштирокдор барҳамхурии худро эълон менамояд;

дар дигар ҳолатҳое, ки дар Қоидаҳои мазкур, Шартнома “Дар

бораи пешниҳоди хизматрасониҳои протсессингӣ” ва қонунгузории

амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

  1. Дар ҳолати аз ҷониби Иштирокдор вайрон карда шудани

шартҳои пешбиникардаи Қоидаҳои мазкур ва Шартнома “Дар бораи

пешниҳоди хизматрасониҳои протсессингӣ”, Танзимгар ҳуқуқ дорад

ба Иштирокдори дахлдори НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” огоҳномаи хаттӣ

равона кунад, ки дар он ҳар як камбудӣ ва муҳлати бартараф

намудани он нишон дода мешавад. Муҳлати мазкур бояд аз 30 (сӣ)

рӯзи тақвимӣ зиёд набошад.

  1. Агар камбудиҳо дар муҳлати дар огоҳнома

нишондодашуда бартараф карда нашаванд, он гоҳ ин Иштирокдор

бояд ба Танзимгар маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ҷарима пардохт

намояд. Ҷарима дар асоси талаботи хаттии Танзимгар бо ҳисобнома –

фактураи замимагардида дар муҳлати на зиёда аз 5 (панҷ) рӯзи корӣ

аз лаҳзаи гирифтани талаботи дахлдор пардохт карда мешавад.

  1. Дар ҳолати ҷаримаро пардохт накардан ва ё камбудиҳоро

дар муҳлати нишондодаи огоҳнома бартараф накардани

Иштирокдор, Танзимгар ҳуқуқ дорад гузаронидани амалиётҳоро бо

истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ муваққатан боздорад ва

Шабакаи терминалии Иштирокдори мазкурро дар НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ” боздошт намуда, ӯ ва дигар Иштирокдорони НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ”‐ро дар ин бора ба таври хаттӣ огоҳ намояд. Танзимгар

7

баъди 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз санаи ба таври хаттӣ ирсол намудани

огоҳномаи боздошт, фаъолияти рақамҳои мушаххаси бонкии

Иштирокдори мазкурро дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” боздошт

намуда, коркарди транзаксияҳоро барои Шабакаи терминалии ӯ қатъ

мегардонад.

  1. Дар огоҳнома оид ба муваққатан боздошт намудани

амалиётҳои Иштирокдор, Танзимгар муҳлати боздошти муваққатиро

нишон медиҳад, ки пас аз ба охир расидани он узвияти Иштирокдори

мазкур дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” метавонад қатъ гардад.

  1. Пас аз ба охир расидани муҳлати боздошти муваққатии

гузаронидани амалиётҳо ва риоя нагардидани шартҳои дар банди 13

зикршуда, узвияти Иштирокдори дахлдор дар НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ” қатъ гардида, дар ин бора Иштирокдор ба таври хаттӣ аз

ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон огоҳ карда мешавад. Дар

огоҳномаи қатъ гаштани узвият сабабҳо ва санаи қатъ гардидани

иштирок дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” нишон дода мешаванд.

Ҳамчунин Танзимгар ба Иштирокдорони дигар оид ба қатъ гардидани

узвияти яке аз Иштирокдорон огоҳнома равон мекунад. Аз лаҳзаи

қатъ гардидани иштирок дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” амали

Шартнома “Дар бораи пешниҳоди хизматрасониҳои протсессингӣ” бо

Иштирокдори дахлдор қатъ мегардад, агар шартҳои дигари қатъ

гардидани Шартномаи мазкур дар худи Шартномаи дар боло

зикргардида пешбинӣ нашуда бошанд.

  1. Иштирокдор бо ирсол намудани огоҳномаи хаттӣ ба Бонки

миллии Тоҷикистон, ки дар он сабаби даст кашидан аз иштирок

нишон дода мешавад, метавонад узвияти худро дар НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ” қатъ намояд. Чунин огоҳнома аз ҷониби Иштирокдор на

камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ то санаи қатъ гардидани узвият дар НПМ

“КОРТИ МИЛЛӢ” бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон фиристода

шавад.

8

  1. Қатъ гардидани иштирок дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”

Иштирокдорро __オシ5*_・аз・ иҷрои уҳдадориҳои дар Қоидаҳои мазкур ва

Шартномаи “Дар бораи пешниҳоди хизматрасониҳои протсессингӣ”

пешбинишуда, ки дар давраи иштироки ӯ дар НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ” ба миён омадаанд, озод намекунад. Дар ин маврид

уҳдадории Иштирокдор дар бораи махфӣ нигоҳ доштан ва фош

накардани маълумоти дорои сирри бонкӣ буда, ки дар давраи

иштирок дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” ба ӯ маълум гардидааст, ба

муҳлати 5 (панҷ) сол аз санаи қатъ гардидани иштироки ӯ дар НПМ

“КОРТИ МИЛЛӢ” боқӣ мемонад, агар Шартномаи “Дар бораи

пешниҳоди хизматрасониҳои протсессингӣ” муҳлати дигареро

муқаррар накарда бошад.

  1. Ҳангоми қатъ гардидани иштирок дар НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ” Иштирокдори дахлдор уҳдадор аст, ки ҳамаи маълумоти

дорои сирри бонкӣ ва/ё ҳуҷҷатҳои Танзимгарро, ки ҳамчун

Иштирокдор гирифтааст, пас аз ирсол ва/ё гирифтани огоҳнома

фавран баргардонад.

  1. Пас аз фиристодани огоҳномаи хаттӣ ба Иштирокдор ё

гирифтани огоҳнома аз Иштирокдор дар бораи қатъ намудани узвият

дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”, Иштирокдори дахлдор уҳдадор аст дар

муҳлати 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ шартномаи хизматрасонии дорандагони

“КОРТИ МИЛЛӢ” бо муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ ва/ё

шартномаҳои додани кортҳои пардохтии бонкии “КОРТИ МИЛЛӢ”

ва хизматрасонии онҳоро бекор намояд.

  1. Барои дохил гаштан ба НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” ва

гирифтани мақоми Иштирокдор ташкилотҳои қарзӣ ҳуҷҷатҳои

зеринро пешниҳод менамоянд:

мактуб – дархост дар бораи пайвастшавӣ ба НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ”. Ба мактуби мазкур шакли пуркардашуда “Ариза оиди

иштирок дар Низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” замима

мегардад ” (Замимаи 1);

9

нақшаи фаъолият (Замимаи 2).

  1. Баъди дохил гаштан ба НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”, Танзимгар

Иштирокдорро мустақиман ё тавассути пайвастшавии байниҳостӣ ба

қайд гирифта, фаъолияташро дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” ба тартиб

медарорад. Муҳлати бақайдгирӣ ва мушаххассозии Иштирокдори

мустақим дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” дар Шартномаи “Дар бораи

хизматрасониҳои протсессингӣ” муайян карда мешавад. Бақайдгирӣ

ва мушаххассозии Иштирокдор бо тарзи пайвастшавии байниҳостӣ

дар давраи оғози пайвастшавии байни НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” ва

маркази протсессингии Иштирокдор амалӣ мегардад.

  1. Бо дархости хаттии Иштирокдори НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ”, аз ҷониби Танзимгар ба Иштирокдори мазкур як ё якчанд

рақами мушаххаси бонкӣ дода мешавад. Рақамҳои мушаххаси бонкӣ

тибқи шартҳои дар Шартномаи “Дар бораи пешниҳоди

хизматрасониҳои протсессингӣ” муқарраргардида дода мешаванд.

  1. Тартиби барориши кортҳои пардохтии бонкӣ
  2. Эмитент дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” вазифаҳои зеринро

иҷро менамояд:

барориши кортҳои пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ” дар заминаи технология ва стандартҳои НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ”;

таъмини ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи суратҳисобҳои

дорандагони кортҳои пардохтии бонкии аз ҷониби Иштирокдор

кушодашуда доир ба амалиётҳое, ки дар Шабакаи терминалии

Иштирокдорон иҷро гардидаанд;

коркарди ҳисоботҳое, ки аз Танзимгар оид ба транзаксияҳои

муштариёни Иштирокдор ‐ дорандагони кортҳои пардохтии бонкии

НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” гирифта шудаанд;

10

идоракунии пойгоҳи маълумотҳои кортҳои пардохтӣ,

суратҳисобҳо ва ҳудудҳо (лимитҳо). Иштирокдор метавонад иҷро

намудани ин амалро бевосита ба Танзимгар вогузор намояд;

иштирок намудан дар баррасии даъвоҳои молиявӣ аз рӯи

амалиётҳое, ки бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкии муштариёни

Иштирокдор амалӣ гардидаанд ва дар асоси онҳо тартиб додани

маълумоти дахлдор барои Танзимгар.

  1. Эмитент уҳдадор аст:

ҳамаи талаботҳои дар Қоидаҳои мазкур зикршударо иҷро

намояд;

иҷрои нишондодҳои дар нақшаи фаъолият

муқарраргардидаро дар доираи НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” таъмин

карда, ба ҳамаи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ номгӯи

пурраи хизматрасониҳоро аз рӯи кортҳои пардохтӣ дар доираи

иштирок дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” пешниҳод намояд;

ба дорандагони кортҳои пардохтӣ доир ба Шабакаи терминалӣ

ва қоидаҳои хизматрасонии кортҳои пардохтии Иштирокдорон

маълумоти пурра пешниҳод намояд, дар бораи қоидаҳои

истифодабарӣ маслиҳат диҳад, дар ҳалли мушкилоту масъалаҳои

дорандагони кортҳои пардохтӣ, ки дар вақти гузаронидани амалиётҳо

дар Шабакаҳои терминалӣ ба миён меоянд, мусоидат намояд;

ба дорандагони кортҳои пардохтии бонкие, ки Иштирокдор

баровардааст, имкониятҳои Шабакаи терминалиро маҳдуд накунад;

ҳаққи хизмати Танзимгарро мутобиқи шартҳои Шартномаи

“Дар бораи пешниҳоди хизматрасониҳои протсессингӣ” пардохт

намояд;

дар муддати 3 (се) рӯзи корӣ дар бораи ҳамаи тағйироти

ташкилию ҳуқуқии Эмитент, аз ҷумла ҳолатҳои муфлисшавии

Эмитент, маҳрум гардидан аз иҷозатномаи бонкӣ барои гузаронидани

амалиёти бонкӣ, ба Танзимгар хабар диҳад;

11

талаботи Бонки ҳисоббаробаркуниро оид ба нигоҳдории ҳаҷми

зарурии маблағ дар Суратҳисоби Иштирокдор барои гузаронидани

амалиётҳо аз рӯи кортҳои пардохтӣ иҷро намояд;

ба Бонки ҳисоббаробаркунӣ барои ҳисоббаробаркунии

амалиётҳои дар доираи НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” гузаронидашуда оид

ба бечунучаро аз Суратҳисоб хориҷ ва ба он ворид намудани маблағи

пулӣ дар асоси ҳисоботҳои клирингии пешниҳодкардаи Танзимгар

ҳуқуқ диҳад;

тибқи Қоидаҳои мазкур маълумоти махфиеро, ки ҳангоми

иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ ба Иштирокдор маълум гардидааст,

махфӣ нигоҳ дорад.

  1. Тартиби эквайринг
  2. Амалиёт ва вазифаҳое, ки Эквайер дар НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ” иҷро менамояд, аз инҳо иборат аст (аммо, бо ин амалиёту

вазифаҳо маҳдуд намешаванд):

гузаронидани амалиёти додани пули нақд ва/ё қабули он аз

дорандагони кортҳои пардохтии бонкии Иштирокдорон тавассути

банкоматҳо ва нуқтаҳои қабул ва/ё пешниҳоди пули нақд;

гузаронидани амалиёти пардохти ҳаққи хизматрасониҳо

тавассути Шабакаи терминалӣ;

гузаронидани амалиёти интиқоли маблағҳо тавассути Шабакаи

терминалӣ;

гузаронидани амалиёти технологӣ ва ҳисоббаробаркунӣ барои

таъмини қабули кортҳои пардохтии бонкӣ дар муассисаҳои савдо ва

хизматрасонӣ ҳамчун воситаи пардохт;

идоракунӣ ва хизматрасонии Шабакаи терминалии худ;

таъмини амнияти раванди идоракунии Шабакаи терминалии

худ.

12

  1. Эквайер метавонад таъминоти иттилоотӣ – технологии

вазифаҳои дар боло зикргардидаро ба Танзимгар вогузор намояд.

  1. Эквайер уҳдадор аст:

ҳамаи талаботҳои дар Қоидаҳои мазкур зикршударо иҷро

намояд;

дар банкоматҳо, нуқтаҳои пешниҳод ва/ё қабули пули нақд,

терминалҳои худкори худхизматрасон, муассисаҳои савдою

хизматрасонӣ ва дар ҳамаи лавҳаҳое, ки барои хабардор намудани

дорандагони кортҳои пардохтӣ оид ба имконияти истифодаи кортҳои

пардохтии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” пешбинӣ шудаанд, нишони НПМ

“КОРТИ МИЛЛӢ” – ро ҷойгир намояд;

нақшаи фаъолияти худро дар доираи НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”

иҷро карда, сифати баланди хизматрасониро дар Шабакаи

терминалии худ таъмин намояд;

ба ҳамаи дорандагони кортҳои пардохтии бонкии Иштирокдор

ҳангоми хизматрасонӣ баробарҳуқуқиро таъмин карда, ҳамаи

намудҳои имконпазири хизматрасониҳои худро аз рӯи корти

пардохтии бонкӣ пешниҳод намояд;

ба дорандагони кортҳои пардохтии бонкии Иштирокдор оид

ба шартҳои хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ дар Шабакаи

терминалии худ, инчунин оид ба ҳаққи хизматрасонии иловагие, ки аз

дорандаи корти пардохтии бонкӣ барои гузаронидани ин ё он

амалиёт гирифта мешавад, агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад,

маълумоти пурра пешниҳод намояд;

дар Шабакаи терминалии худ ҳангоми хизматрасонӣ ба

дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ имкониятҳои Шабакаи

терминалиро маҳдуд накунад;

фаъолияти Шабакаи терминалии худ, сатҳи бехатарӣ ва

амнияти транзаксияҳоро таъмин намояд;

13

ҳаққи хизмати Танзимгарро тибқи талаботҳои Шартнома “Дар

бораи пешниҳоди хизматрасониҳои протсессингӣ” пардохт намояд;

дар муддати 3 (се) рӯзи корӣ дар бораи ҳама гуна тағйироти

ташкилию ҳуқуқӣ аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани онҳо, аз ҷумла

дар бораи ҳолатҳои муфлисшавии Эквайер, маҳрум шудан аз

иҷозатномаи бонкӣ барои гузаронидани амалиётҳои бонкӣ, ба

Танзимгар хабар диҳад;

талаботи Бонки ҳисоббаробаркуниро оид ба нигоҳдории ҳаҷми

зарурии маблағ дар Суратҳисоб барои ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи

амалиётҳои дар доираи НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” анҷомдода иҷро

намояд;

ба Бонки ҳисоббаробаркунӣ барои ҳисоббаробаркунии

амалиётҳои дар доираи НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” гузаронидашуда оид

ба бечунучаро аз Суратҳисоб хориҷ ва ба он ворид намудани маблағи

пулӣ дар асоси ҳисоботҳои клирингии пешниҳодкардаи Танзимгар

ҳуқуқ диҳад;

тибқи Қоидаҳои мазкур маълумоти махфиеро, ки ҳангоми

иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ ба Иштирокдор маълум гардидааст,

махфӣ нигоҳ дорад.

  1. Тартиби авторизатсия, клиринг ва ҳисоббаробаркунӣ
  2. Танзимгар роҳнамоии транзаксияҳои байнибонкиро танҳо

бо пули миллӣ ‐ сомонӣ, амалӣ мегардонад. Дархостҳои

авторизатсионӣ бо дигар асъори транзаксияҳо роҳнамоӣ карда

намешавад.

  1. Вобаста аз тарзи пайвастшавии Иштирокдор ба НПМ

“КОРТИ МИЛЛӢ”, чор роҳи ҳамкорӣ байни Эмитент ва Эквайер

имконпазир мебошад:

14

Эмитент – Иштирокдори мустақим, Эквайер – Иштирокдори

мустақим;

Эмитент – Иштирокдоре, ки пайвастшавии байниҳостиро

истифода мебарад, Эквайер – Иштирокдори мустақим;

Эмитент – Иштирокдори мустақим, Эквайер – Иштирокдоре,

ки пайвастшавии байниҳостиро истифода мебарад;

Эмитент – Иштирокдоре, ки пайвастшавии байниҳостиро

истифода мебарад, Эквайер – Иштирокдоре, ки пайвастшавии

байниҳостиро истифода мебарад.

  1. Вобаста аз тарзи пайвастшавии Иштирокдор се нақшаи

транзаксияҳо мавҷуданд:

Эмитент ва Эквайер Иштирокдороне мебошанд, ки

пайвастшавии байниҳостиро истифода мебаранд;

Эмитент Иштирокдори мустақим мебошад, Эквайер

Иштирокдори мустақим ё Иштирокдоре, ки пайвастшавии

байниҳостиро истифода мебарад, мебошад;

Эквайер Иштирокдори мустақим мебошад, Эмитент

Иштирокдори мустақим ё Иштирокдоре, ки пайвастшавии

байниҳостиро истифода мебарад, мебошад.

  1. Агар Эмитент ва Эквайер Иштирокдорони мустақим

бошанд, он гоҳ транзаксияҳо бо тартиби зерин гузаронида мешаванд:

1) бо мақсади гузаронидани амалиёт бо истифодаи корти

пардохтии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” дорандаи корти пардохтӣ ба яке

аз таҷҳизотҳои Шабакаи терминалӣ муроҷиат менамояд;

2) таҷҳизоти дар боло зикргардида дархости авторизатсиониро

омода карда, онро ба Эквайере, ки таҷҳизоти мазкурро хизматрасонӣ

мекунад, ирсол менамояд;

3) Эквайер тартиби авторизатсияро мустақилона анҷом медиҳад

ва тасдиқномаро тартиб дода, ба таҷҳизоте, ки ин дархостро тартиб

додааст, равон мекунад. Агар дорандаи корти пардохтии бонкии НПМ

15

“КОРТИ МИЛЛӢ” муштарии Иштирокдори дигар бошад, он гоҳ

Эквайер дархости авторизатсиониро ба Танзимгар равон мекунад;

4) Танзимгар ба кадом Эмитент тааллуқ доштани корти

пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” – ро, ки транзаксияро

оғоз намудааст, муайян менамояд;

5) Танзимгар дархости авторизатсиониро ба Эмитент равон

мекунад;

6) Эмитент авторизатсияи транзаксияҳоро гузаронида,

маълумоти зеринро тафтиш менамояд:

рақами мушаххаскунандаи шахсӣ (агар транзаксия бо

истифодаи рақами мушаххаскунандаи шахсӣ иҷро гардад);

мавҷудияти корти пардохтӣ дар пойгоҳи маълумотҳои кортҳои

пардохтии худ;

муҳлати эътибори корти пардохтии бонкӣ;

мавҷуд будани маблағи кофӣ дар суратҳисоби дорандаи корти

пардохтии бонкӣ барои гузаронидани транзаксия;

мавҷуд набудани корти пардохтии бонкӣ дар рӯйхати кортҳои

аз хизматрасонӣ боздошташуда.

7) агар ҳамаи шартҳо иҷро шаванд, он гоҳ аз суратҳисоби

дорандаи корти пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” маблағ

хориҷ ё ворид карда мешавад. Маблағ бо тарзи зерин муайян

мегардад: ба маблағи ҳисобаробаркунӣ бо Эмитент метавонад ҳаққи

хизматрасонии Эмитент илова гардад, ки он аз дорандагони корти

пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” барои гузаронидани

транзаксияҳо гирифта мешавад. Агар асъори маблағи дархостшуда аз

асъори суратҳисоби дорандаи корти пардохтии бонкӣ фарқ кунад, он

гоҳ маблағи дархостшуда ба асъори суратҳисоби муштарӣ аз рӯи

қурби муайянкардаи Эмитент мубодила гашта, маблағи аз

суратҳисоби муштарӣ гирифташаванда муайян мегардад. Дар ин

маврид ҳаққи хизмате, ки Эмитент аз муштариён ‐ дорандагони

кортҳои пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” мегирад, аз

ҷониби худи Эмитент муайян карда мешавад;

16

8) Эмитент ба дархости авторизатсионӣ ҷавоб омода намуда,

онро ба Танзимгар равон мекунад;

9) Танзимгар ба дархости авторизатсионии Эквайер ҷавоб равон

мекунад;

10) ҷавоби аз Танзимгар гирифтаро Эквайер ба таҷҳизоти

Шабаки терминалие, ки дархости авторизатсиониро тартиб додааст,

роҳнамоӣ мекунад;

11) мутобиқи ҷавоби аз Эквайер гирифташуда, таҷҳизоти

Шабаки терминалӣ гузаронидани транзаксияро иҷро ё рад менамояд;

  1. Агар Эмитент Иштирокдори мустақим бошад ва Эквайер

Иштирокдори мустақим ё Иштирокдоре, ки пайвастшавии

байниҳостиро истифода мебарад, он гоҳ транзаксияҳо бо тартиби

зерин гузаронида мешаванд:

1) бо мақсади гузаронидани амалиёт бо истифодаи корти

пардохтии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” дорандаи корти пардохтӣ ба яке

аз таҷҳизотҳои Шабакаи терминалӣ муроҷиат менамояд;

2) таҷҳизоти дар боло зикргардида дархости авторизатсиониро

омода карда, онро ба Танзимгар ё ба Эквайер, ки таҷҳизоти мазкурро

хизматрасонӣ мекунад, ирсол менамояд;

3) агар таҷҳизот ба Эквайер, ки пайвастшавии байниҳостиро

истифода мебарад, тааллуқ дошта бошад, он гоҳ Эквайер дархости

авторизатсиониро ба Танзимгар равон мекунад;

4) Танзимгар бо супориши Эмитент авторизатсияи транзаксияро

мегузаронад. Барои гузаронидани авторизатсия Танзимгар аз пойгоҳи

маълумотҳое, ки дар таҷҳизоти ӯ нигоҳ дошта мешавад, аз қабили

пойгоҳи маълумотҳои кортҳои пардохтӣ, суратҳисобҳо, бақияҳо дар

суратҳисобҳои Эмитент, аз рӯи корти пардохтие, ки дархости

транзаксияро амалӣ намудааст, истифода мебарад. Дар ин ҳолат

Танзимгар маълумоти зеринро тафтиш менамояд:

рақами мушаххаскунандаи шахсӣ (агар транзаксия бо

истифодаи рақами мушаххаскунандаи шахсӣ иҷро гардад);

мавҷудияти корти пардохтӣ дар пойгоҳи маълумотҳои кортҳои

пардохтии худ;

17

муҳлати эътибори корти пардохтии бонкӣ;

мавҷудияти корти пардохтии бонкӣ дар рӯйхати кортҳои аз

хизматрасонӣ боздошташуда;

мавҷуд будани маблағи кофӣ дар суратҳисоби дорандаи корти

пардохтии бонкӣ барои гузаронидани транзаксия.

5) агар ҳамаи шартҳо иҷро шаванд, он гоҳ аз суратҳисоби

дорандаи корти пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” маблағ

хориҷ ё ворид карда мешавад. Маблағ ба тарзи зерин муайян

мегардад: ба маблағи ҳисобаробаркунӣ бо Эмитент метавонад ҳаққи

хизматрасонии Эмитент илова гардад, ки он аз дорандагони корти

пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” барои гузаронидани

транзаксияҳо гирифта мешавад. Агар асъори маблағи дархостшуда аз

асъори суратҳисоби дорандаи корти пардохтии бонкӣ фарқ кунад, он

гоҳ маблағи дархостшуда ба асъори суратҳисоби муштарӣ аз рӯи

қурби муайянкардаи Эмитент мубодила гашта, маблағи аз

суратҳисоби муштарӣ гирифташаванда муайян мегардад;

6) Танзимгар ба дархости авторизатсионӣ ҷавоб омода намуда,

онро ба таҷҳизоте, ки дархости авторизатсиониро тартиб додааст,

ирсол менамояд. Вобаста ба ҷавобе, ки аз Танзимгар барои дархости

авторизатсионӣ гирифта шудааст, таҷҳизот гузаронидани

транзаксияро иҷро ё рад менамояд;

7) агар дархости авторизатсионӣ аз таҷҳизоти Эквайер, ки

пайвастшавии байниҳостиро истифода мебарад, ворид гашта бошад,

он гоҳ Танзимгар натиҷаи коркарди дархости авторизатсиониро ба

таҷҳизоти ҳамин Эквайер роҳнамоӣ менамояд. Эквайер ҷавоби

дархости авторизатсиониро ба таҷҳизоте, ки дархости

авторизатсиониро тартиб додааст, равон мекунад. Вобаста ба ҷавоби

гирифташуда ба дархости авторизатсионӣ таҷҳизот гузаронидани

транзаксияро иҷро ё рад менамояд;

  1. Агар Эквайер Иштирокдори мустақим бошад, Эмитент

Иштирокдори мустақим ё Иштирокдоре, ки пайвастшавии

байниҳостиро истифода мебарад, он гоҳ транзаксияҳо бо тартиби

зерин гузаронида мешаванд:

18

1) бо мақсади гузаронидани амалиёт бо истифодаи корти

пардохтии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” дорандаи корти пардохтӣ ба яке

аз таҷҳизотҳои Шабакаи терминалӣ муроҷиат менамояд;

2) таҷҳизоти __________дар боло зикргардида дархости авторизатсиониро

омода карда, онро ба Танзимгар ирсол менамояд;

3) вобаста аз он, ки Эмитент бо кадом нақша пайваст шудааст

(Иштирокдори мустақим ё Иштирокдоре, ки пайвастшавии

байниҳостиро истифода мебарад), Танзимгар авторизатсияи

транзаксияро анҷом медиҳад ё онро ба Эмитент аз рӯи алгоритмҳои

зербандҳои 4) – 9) банди 32, зербанди 7) банди 33 ҳангоми

пайвастшавии байниҳостиро истифода бурдани Эмитент, ё мутобиқи

алгоритмҳои зербандҳои 4) – 7) банди 33, дар ҳолати Иштирокдори

мустақим будани Эмитент, роҳнамоӣ мекунад.

  1. Дар охири рӯз Танзимгар ҳамаи транзаксияҳои дар давоми

рӯз амалигаштаро коркард намуда, ба Бонки ҳисоббаробаркунӣ барои

гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои ниҳоӣ маълумоти ҷамъбастӣ

ирсол менамояд.

  1. Омода кардани ҳисоботҳои клирингӣ
  2. Аз ҷониби Танзимгар ҳар рӯз, ғайр аз рӯзҳои истироҳат ва

рӯзҳои ид клиринг гузаронида мешавад.

  1. Файлҳои дар натиҷаи клиринг омодашуда ба Бонки

ҳисоббаробаркунӣ фиристода мешаванд. Аз рӯи маълумоти

транзаксияҳои бобарор анҷомёфта, Бонки ҳисоббаробаркунӣ байни

Иштирокдорон ҳисоббаробаркуниҳои ниҳоиро анҷом медиҳад.

  1. Ҳангоми омода намудани ҳисоботи клирингӣ, инчунин

барои Иштирокдорон ҳисоботҳо тартиб дода мешаванд. Барои

Эмитентҳо дар ин ҳисобот доир ба ҳамаи транзаксияҳо аз рӯи кортҳои

пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”‐и Иштирокдори мазкур

ва оид ба ҳаққи хизмате, ки аз/ба Суратҳисоби Иштирокдор дар Бонки

ҳисоббаробаркунӣ хориҷ ё ба он ворид мегарданд, маълумот оварда

мешавад. Барои Эквайерҳо дар ин ҳисобот доир ба ҳамаи

транзаксияҳо дар Шабакаи терминалии Иштирокдори мазкур ва оид

ба ҳаққи хизмате, ки аз/ба Суратҳисоби Иштирокдор дар Бонки

19

ҳисоббаробаркунӣ хориҷ ё ба он ворид мегардад, маълумот оварда

мешавад. Дар асоси ин ҳисоботҳо Иштирокдорон метавонанд аз рӯи

суратҳисобҳои дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ва

суратҳисобҳои таҷҳизотҳои Шабакаи терминалӣ дар низоми

автоматишудаи бонкии худ амалиётҳои ҳисобдориро анҷом диҳанд.

  1. Коркарди ҳисоботҳои клирингӣ дар Бонки

ҳисоббаробаркунӣ ва гузаронидани Клиринг

  1. Бонки ҳисоббаробаркунӣ аз Суратҳисоби Эмитент маблағи

баробар ба маблағи ҳамаи транзаксияҳои байнибонкии тавассути

кортҳои пардохтии бонкии Эмитент дар давоми рӯз

гузаронидашударо, хориҷ менамояд.

  1. Бонки ҳисоббаробаркунӣ ба Суратҳисоби Эквайер маблағи

баробар ба маблағи ҳамаи транзаксияҳои байнибонкии дар давоми

рӯз дар таҷҳизотҳои Эквайер гузаронидашударо ворид менамояд.

  1. Бонки ҳисоббаробаркунӣ ба/аз Суратҳисобҳои

Иштирокдорон маблағҳои ҳаққи хизмати байнибонкиро аз рӯи

амалиётҳо дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” ворид ё хориҷ менамояд.

  1. Бонки ҳисоббаробаркунӣ аз Суратҳисоби Иштирокдор

маблағи баробар ба маблағи ҳаққи хизмати ба Танзимгар

ҳисобшударо хориҷ менамояд.

  1. Баъди иҷро шудани ҳамаи марҳилаҳои зикргардида,

тартиби гузаронидани ҳисобаробаркуниҳо байни Иштирокдорон ба

итмом мерасад.

  1. Авторизатсия ва роҳнамоии транзаксияҳо дар НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ”

  1. Авторизатсияи транзаксияҳо ва идора кардани пойгоҳи

авторизатсионии Иштирокдорон дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” аз

ҷониби Танзимгар амалӣ мегардад. Ҳангоми доштани имконияти

технологӣ Иштирокдор метавонад пойгоҳи маълумоти кортҳои

20

пардохтии худ, авторизатсияи транзаксияҳои кортҳои худ ва

дастгирии Шабакаи терминалии худро баъди сертификатсияи чунин

тарзи пайвастшавӣ аз ҷониби Танзимгар мустақилона идора намояд.

  1. Авторизатсияи транзаксияҳо аз рӯи кортҳои Иштирокдор,

ки мустақилона пойгоҳи маълумотии кортҳои пардохтиро идора ва

авторизатсияи транзаксияҳоро иҷро менамояд, дар Шабакаи

терминалии Иштирокдори мазкур бе равон кардани транзаксияҳо ба

Танзимгар амалӣ мегардад.

  1. Ҳамаи транзаксияҳо дар Шабакаи терминалии як

Иштирокдор аз рӯи кортҳои пардохтии Иштирокдори дигар бояд

тавассути Танзимгар роҳнамоӣ карда шаванд.

  1. Стандартҳои персонализатсия ва дизайн
  2. Корти пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” бояд ба

стандартҳои байналмилалии (ISO) зерин мувофиқат кунад:

7810 Identification Cards‐Physical Characteristics – ʺКортҳои

мушаххаскунанда. Тавсифи воқеӣʺ;

7811‐1 Identification Cards‐Recording Technique Part 1 Embossing

– ʺКортҳои мушаххаскунанда. Тарзҳои сабтʺ. Қисми 1, Нақшкубӣ;

7811‐2 Identification Cards‐Recording Technique Part 2 Magnetic

Stripe – ʺКортҳои мушаххаскунанда. Тарзи сабт. Қисми 2, Хати

магнитӣʺ;

7811‐3 Identification Cards‐Recording Technique Part 3 Location of

Embossed Characters on ID‐1 cards – ʺКортҳои мушаххаскунанда. Тарзи

сабт. Қими 3, Ҷойгиршавии ҳуруфоти нақшкубишуда барои ID ‐ 1

кортҳоʺ;

7811‐4 Identification Cards‐Recording Technique Part 4 Location of

read‐only magnetic tracks – Tracks 1 & 2 – ʺКортҳои мушаххаскунанда.

21

Тарзи сабт. Қисми 4, Ҷойгиршавии роҳакҳои магнитӣ танҳо барои

хондан. Роҳакҳои 1 ва 2ʺ;

7811‐5 Identification Cards‐Recording Technique Part 5 Location of

read‐write magnetic track – Track 3 – ʺКортҳои мушаххаскунанда. Тарзи

сабт. Қисми 5, Ҷойгиршавии роҳакҳои магнитӣ барои хондан ва сабт.

Роҳаки 3ʺ;

7811‐6 Identification Cards‐Recording Technique Part 6 Magnetic

Stripe – High Coercivity – ʺКортҳои мушаххаскунанда. Тарзи сабт.

Қисми 6, Хати магнитии коэрситивии баланд;

7813 Identification Cards‐Financial Transaction Cards – ʺКортҳои

мушаххаскунанда. Кортҳои амалиётҳои молиявӣʺ;

7816‐1 Identification Cards‐Integrated Circuit(s) Cards with

Contacts Part 1 Physical Characteristics – ʺКортҳои мушаххаскунанда.

Кортҳо бо схемаҳои интегралии контактдор. Қисми 1, Сифатҳои

физикӣ”;

7816‐2 Identification Cards‐Integrated Circuit(s) Cards with

Contacts Part 2 Dimensions and Location of the Contacts – ʺКортҳо бо

схемаҳои интегралии контактдор. Қисми 2, Андоза ва ҷойгиршавии

контактҳоʺ.

  1. Таснифоти умумии кортҳои пардохтии НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ”

  1. Дар рӯи корти пардохтии бонкӣ НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”

бояд иттилооти зерин бо усули нақшкубишуда ё чопӣ вуҷуд дошта

бошад:

рақами корт, ки он иборат аст аз рақами мушаххаскунандаи

бонкии Эмитент ва аломати назоратӣ;

санаи анҷоми муҳлати эътибори корти пардохтии бонкӣ

(моҳ/сол).

22

  1. Дар рӯи корти пардохтии бонкӣ НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”

метавонад иттилооти зерин ҷойгир карда шавад:

ному насаби дорандаи корти пардохтии бонкӣ ва/ё номи

ширкат;

маълумоти иловагӣ, ки бо салоҳдиди Иштирокдор ҷойгир

карда мешавад.

  1. Талабот барои нақшкубӣ ва андозаи корти пардохтии

бонкии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” чунин аст:

A Дарозии корт 85.72 (‐ 0.25) мм

B Бари корт 54.03 (±0.05) мм

C Ғафсии корт 0.76 (±0.08) мм

D

Радиуси даврашаклии

кунҷҳои корт

3.18 мм

E

Масофа аз канори

поёни корт то маркази

сатри якуми нақшкубӣ

(сатри рақами корт)

21.42 (±0.12) мм

F

Масофа аз канори

чапи корт то хати марказии

аломати якум дар сатри

якуми нақшкубӣ

7.65 (±0.25) мм

G

Ҳадди майлони

имконпазири хати

марказии аломати рақами

корт аз хати марказии

сатри якуми нақшкубӣ

±0.08 мм

H

Баландии ниҳоии

релефи аломатҳои

нақшкубишуда

0.46 (±0.05) мм

I

Масофа аз канори

чапи корт то хати марказии

аломати якум дар сатрҳои 3

ва 4 нақшкубӣ

7.65 (±0.25) мм

23

J

Масофаи камтарин аз

канори поёни корт то хати

марказии сатри 4

нақшкубӣ

2.54 мм

  1. Дар корти пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” ду

соҳаи нақшкубӣ ҷудо карда мешаванд. Соҳаи нақшкубии якум барои

нақшкубии як майдоне, ки дар он рақами корт нишон дода мешавад,

пешбинӣ шудааст. Соҳаи нақшкубии дуюм ба се майдон ҷудо карда

шуда, дар онҳо санаи анҷоми эътибори корт, ному насаби доранда ва

маълумоти иловагӣ нишон дода мешаванд. Ҷойгиршавии соҳаи

нақшкубӣ дар корти пардохтии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” дар расми 1

нишон дода шудааст.

Расми 1. Ҷойгиршавии соҳаи нақшкубӣ дар корти пардохтии

НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”

№ Ҷойгиршавӣ Дарозӣ

майдони

нақшкубӣ

Номгуй Соҳаи

нақшкубӣ

Ҷойивазшавӣ аз

аввали сатр

1 Рақами корт 1 10.18 мм 18

2 Санаи анҷоми 2 41.00 мм 5

24

эътибори корт

3

Ному насаби

доранда

2 7.65 мм 26

4

Майдони иловагӣ

барои нақшкубӣ

2 7.65 мм 26

  1. Дар майдонҳое, ки барои нақшкубӣ пешбинӣ шудаанд,

аломатҳои зерин метавонанд ҷойгир шаванд:

0‐9, A‐Z, А‐Я (ғайр аз Ё), ʺ,ʺ(вергул), ʺ.ʺ (нуқта), ʺʹʺ (апостроф), ʺ‐ʺ

(нимтире), ʺ/ʺ (слэш), ʺ&ʺ (амперсанд).

  1. Майдонҳои нақшкубӣ:

Майдони якуми нақшкубӣ хати якумро ишғол карда, дар он

рақами корти пардохтии бонкӣ (PAN) сабт мегардад. Рақами корти

пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” аз 16 рақам (аз ҷумла BIN

ва рамзи назоратӣ) иборат буда, дар корти пардохтии бонкӣ дар

шакли се гурӯҳи рамзҳои рақамии (6 рамз ‐ 3 рамз ‐ 7 рамз) аз

ҳамдигар бо фосила ҷудошуда нишон дода мешавад (ҳамагӣ 18 рамз

бо фосилаҳо сабт мегардад). Хати амудии аломати якуми майдон бояд

дар масофаи 7.65 (±0.25) мм аз канори чапи корти пардохтии бонкӣ

ҷойгир шуда бошад.

Майдони дуюми нақшкубӣ дар хати дуюм ҷойгир шуда, дар он

санаи анҷоми муҳлати эътибори корти пардохтии бонкӣ нишон дода

мешавад. Санаи анҷоми муҳлати эътибори корти пардохтии бонкӣ

дар шакли ММ/СС (масалан, 05/12) нишон дода мешавад. Хати амудии

аломати якуми майдон бояд дар масофаи 41.00 (±0.25) мм аз канори

чапи корти пардохтии бонкӣ ҷойгир шуда бошад.

25

Майдони сеюми нақшкубӣ хати сеюмро ишғол карда, дар он

ному насаби дорандаи корти пардохтии бонкӣ ё номи ширкат сабт

мегардад. Майдон метавонад то 26 рамзи асосии алифбои тоҷикӣ ё

лотинӣ, аз ҷумла рамзҳои ʺ.ʺ (нуқта), ʺ‐ʺ (нимтире), ʺ ʺ (фосила) – ро

дар бар гирад. Хати амудии рамзи якуми майдон бояд дар масофаи

7.65 (±0.25) мм аз канори чапи корти пардохтии бонкӣ ҷойгир шуда

бошад.

Майдони чоруми нақшкубӣ дар хати чорум ҷойгир шуда,

метавонад иттилооти иловагиеро, ки бо супориши Эмитент барои

ҷойгир кардан дода шудааст, дар бар гирад. Майдони иловагии

нақшкубӣ метавонад то 26 аломати аз фосилаи аломатҳои барои

ҷойгир намудан иҷозатшуда, иборат бошад.

  1. Нишони НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” дар ҳар як корти

пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” бояд дарҷ гардад. Намуд

ва тавсифи нишони НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” дар расми 2 оварда

шудааст.

26

Расми 2. Нишони НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”

  1. Нишони Иштирокдор метавонад дар рӯй ё паси корти

пардохтии бонкӣ ҷойгир карда шавад. Нишони дар рӯи корти

пардохтии бонкӣ ҷойдодаи Иштирокдор бояд соҳаи ҷойгиршавии

нишони НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” –ро напӯшонад. Марзи соҳаи

ҷойгиршавии нишони Иштирокдор дар масофаи 2,03 мм аз канори

чап ва болои канори корти пардохтии бонкӣ ва 3 мм аз марзи чапи

майдони нишони МПМ «КОРТИ МИЛЛӢ» ҷойгир мешавад.

  1. Дар паси корти пардохтии бонкӣ унсурҳои зерин бояд ҷой

дода шаванд:

хати магнитӣ;

ҷой барои имзо;

Инчунин, дар паси корти пардохтии бонкӣ метавонанд сурати

дорандаи корти пардохтии бонкӣ ё маълумоти дигар ҷойгир карда

шаванд.

  1. Маводи ҷойи имзо бояд тағйир додани имзои гузошташуда

пешгирӣ намояд. Имзои дорандаи корт дар ҷойи имзо ҳатмист.

  1. Хати магнитии кортҳои пардохтии бонкии НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ” мутобиқи стандарти ISO 7813 рамзгузорӣ шудааст.

Таснифоти андозаҳои маълумотҳои роҳакҳои хатҳои магнитӣ дар

Таснифоти техникии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” оварда шудааст.

  1. Дар НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” чунин намуди амалиётҳо

пешбинӣ шудааст:

№ Тавсифи амалиётҳо Эзоҳ

1 Гирифтани пули нақд аз банкомат Withdrawal

2 Гирифтани пули нақд аз нуқтаи

пешниҳод ва/ё қабули пули нақд

Cash‐advance

3 Пардохти харид ё хизматрасонӣ дар

муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ

Purchase

27

4 Дархости бақия тавассути банкомат Balance inquiry

(ATM)

5 Дархости бақия тавассути POS‐

терминал

POS Balance

inquiry

6 Иваз кардани рақами

мушаххаскунандаи шахсӣ тавассути

банкомат

PIN change

7 Иваз кардани рақами

мушаххаскунандаи шахсӣ тавассути

POS‐терминал

POS PIN change

8 Беруннавис Statement

9 Беруннависи __________фишурда Ministatement

10 Интиқоли маблағ аз корт ба корт

тавассути банкомат (қисми дебетии

транзаксия)

P2P Debit

11 Интиқоли маблағ аз корт ба корт

тавассути банкомат (қисми кредитии

транзаксия)

P2P Credit

12 Интиқоли маблағ аз корт ба корт

тавассути POS‐терминал (қисми

дебетии транзаксия)

POS P2P Debit

13 Интиқоли маблағ аз корт ба корт

тавассути POS‐терминал (қисми

кредитии транзаксия)

POS P2P Credit

14 Пардохти маблағ ба шахсони сеюм

тавассути банкомат

Payment

15 Пардохти маблағ ба шахсони сеюм

тавассути POS‐терминал

POS Payment

16 Ворид кардани пули нақд тавассути

банкомат

Deposit (Cash‐in)

17 Ворид кардани пули нақд дар

нуқтаҳои қабули пули нақд

POS Deposit

  1. Тартиби ҳалли масъалаҳои баҳсталаб

28

  1. Ҳуҷҷатҳое, ки амалиёти дар Шабакаи терминалии НПМ

“КОРТИ МИЛЛӢ” гузаронидашударо тасдиқ менамояд, инҳоянд:

лентаи принтери назоратӣ ё маълумотҳои журнали электронӣ

(ҳангоми дар банкомат ё терминали худкори худхизматрасон

гузаронидани амалиёт);

нусхаи чеки POS‐терминал, ки дорандаи корти пардохтии

бонкӣ имзо кардааст (ҳангоми тавассути POS‐терминал гузаронидани

амалиёт). Дар мавриди дар POS‐терминал ё таҷҳизоти хазинавӣ

гузаронидани амалиёт бо ҳуруфчинии рақами мушаххаскунандаи

шахсӣ гирифтани имзои дорандаи корти пардохтии бонкӣ талаб

карда намешавад;

сабти электронӣ дар файли транзаксияҳои Танзимгар, ки бо

имзои электронии рақамии шахси ваколатдори ӯ тасдиқ гардидааст;

беруннавис оид ба гардиши маблағҳо аз рӯи Суратҳисобҳои

Иштирокдорон дар Бонки ҳисоббаробаркунӣ;

ҳуҷҷатҳое, ки дар шакли электронӣ бо истифодаи кортҳои

пардохтии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” ё мушаххасоти онҳо тартиб дода

шудаанд, ба ҳуҷҷатҳои ҳомили коғазӣ баробар карда мешаванд ва бо

онҳо эътибори ягонаи ҳуқуқӣ доранд, инчунин дар рафти баррасии

баҳсҳо ва ихтилофоти тарафайн далели матлуб ҳисобида мешаванд;

ҳамаи файлҳои электронӣ ва феҳрасти электронии

авторизатсияҳо, ки аз ҷониби низомҳои компютерии Иштирокдорон

ва Танзимгар дастгирӣ мешаванд, инчунин шакли чопкардашудаи

файлҳо ва реестрҳои мазкур ҳангоми ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти

тарафайн ҳамчун далели матлуб дониста мешаванд.

  1. Ҳуҷҷати рамзнависшуда ва бо имзои электронии рақамии

шахси ваколатдори Эмитент тасдиқшуда, ки пешниҳоди

супоришномаҳои электронӣ ва дурустии онро тасдиқ менамояд,

файл–супоришнома мебошад. Файл–супоришнома ҳуҷҷатест, ки дар

29

асоси он ба пойгоҳи маълумоти кортҳои пардохтӣ, ки аз тарафи

Танзимгар нигоҳ дошта мешавад, тағйиротҳо ворид мегарданд.

  1. Ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки Танзимгар бо Иштирокдорон

дар шакли электронӣ додугирифт менамоянд, аз ҷониби онҳо бо

истифодаи бурдани воситаҳои криптографӣ коркард карда мешаванд.

  1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи гузаронидани авторизатсия ва

дурустии он, инчунин дурустии иҷроиши дигар равандҳое, ки

ҳангоми гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиёт бо

истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ба вуҷуд меоянд, файлҳои

бойгонии Танзимгар ва сабтҳои овозии тартиби авторизатсияи овозӣ

мебошанд.

  1. Ҳуҷҷатҳои аз рӯи амалиёт дар Шабакаи терминалӣ

гузаронидашуда, ки бо вайрон кардани қоидаҳои барасмиятдарорӣ

тартиб дода шудаанд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи гузаронидани

амалиётҳои дар боло зикргардида, ҳисобида намешаванд.

  1. Тартиби баррасии баҳсҳо
  2. Баҳсу ихтилофоти байни Иштирокдорон, ки ба

муносибатҳои онҳо вобаста мебошанд, бо иштироки Танзимгар ҳал

карда мешаванд.

  1. Баҳсу ихтилофоти байни Иштирокдорон бо тартибе, ки дар

қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ

шудааст, инчунин тибқи шартҳои Қоидаҳои мазкур, ҳал карда

мешаванд.

  1. Иштирокдорон барои ҳалли баҳсу ихтилофоте, ки дар

рафти ҳамкории мутақобили Иштирокдорон ба миён меоянд, бо роҳи

гуфтушуниди тарафайн ҳамаи чораҳоро меандешанд. Натиҷаҳои

гуфтушунид дар пайнавишти мувофиқашуда сабт мегардад. Дар

пайнавишти мувофиқашуда муҳлати муайяни иҷрои уҳдадориҳои

Иштирокдорон (барқарор намудани зарар, гузаронидани маблағи

ҷарима ва ғайра) нишон дода мешавад. Дар ҳолати зарурӣ нусхаи

30

пайнавишти мувофиқашуда ба тарафи манфиатдори сеюм фиристода

мешавад.

  1. Агар ихтилофоти байни Иштирокдорони НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ” бо роҳи гуфтушуниди тарафайн ҳал нагардад, он гоҳ баҳс бо

даъвои Иштирокдори манфиатдор дар Суди иқтисодӣ баррасӣ карда

мешавад. Натиҷаи баррасии баҳси байни Иштирокдорон дар

мақомоти судӣ, ба таври хаттӣ аз ҷониби Иштирокдори даъвогар дар

муҳлати 10 рӯз аз санаи эътибор пайдо кардани ҳалномаи суд ба

маълумоти Танзимгар расонида мешавад.

  1. Барои беғаразона баррасӣ намудани масъалаҳои баҳсталаб

Иштирокдорон бо мувофиқаи тарафайн метавонанд комиссияҳои

экспертиро бо иштироки мутахассисони мустақил таъсис диҳанд.

Комиссияи экспертӣ бо мақсади баррасӣ намудани баҳси муайян

таъсис дода мешавад. Ба ҳайати комиссия аз ҳар ду Иштирокдор ду

нафар намоянда ва як намоянда – мутахассиси мустақили ташкилоти

дигар, ки бо розигии Иштирокдорон вобаста ба хусусияти баҳси

баррасишаванда интихоб гардидааст, дохил мешаванд.

  1. Таъсиси комиссияи экспертӣ дар асоси созишномаи

имзокардаи намояндагони ваколатдори Иштирокдорон, ки дар

баррасии баҳс иштирок менамоянд, ба расмият дароварда мешавад.

  1. Натиҷаи кори комиссия дар шакли хулосаи экспертӣ ба

расмият дароварда мешавад. Дар хулосаи экспертӣ бояд муҳлати аз

ҷониби Иштирокдорон иҷро гардидани қарори қабулшуда, тақсими

уҳдадориҳо (дар ҳолати зарурӣ – тартиби тақсимоти хароҷотҳои

моддӣ байни Иштирокдорон), ки бо иҷрои хулосаи комиссия

алоқаманданд, дарҷ гардад. Хулосаи экспертӣ аз ҷониби ҳайати

комиссия имзо мегардад.

31

  1. Баррасии даъвоҳои молиявӣ аз ҷониби Иштирокдорон доир

ба амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкии НПМ

“КОРТИ МИЛЛӢ”

  1. Даъвои молиявии Эмитент – ин иттилооти Эмитент оиди

аз Суратҳисоби Эмитент дар Бонки ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи

амалиёте, ки дар Шабакаи терминалии Эквайери НПМ “КОРТИ

МИЛЛӢ” гузаронида __________шудааст, хориҷ шудани маблағро мавриди баҳс

қарор медиҳад.

  1. Даъвои молиявии Эквайер – ин иттилооти Эквайер оиди ба

Суратҳисоби Эквайер дар Бонки ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи амалиёте,

ки дар Шабакаи терминалии Эквайери НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”

гузаронида шудааст, ворид намудани маблағро талаб менамояд.

  1. Барои пешниҳод намудани талабномаи бозпас

гардонидани маблағҳое, ки аз Суратҳисоби Эмитент дар Бонки

ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи амалиётҳои дар Шабакаи терминалии

Эквайери НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” гузаронидашуда ба манфиати

Эквайер хориҷ карда шудаанд, корманди ваколатдори Эмитент

дархост тартиб дода, онро ба воситаи низоми электронии

додугирифти ҳуҷҷатҳо ё ба таври хаттӣ ба Танзимгар ирсол менамояд.

  1. Барои пешниҳод намудани талабномаи гузаронидани

маблағҳое, ки аз Эмитент барои амалиётҳо дар Шабакаи терминалии

Эквайери НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ” ба Суратҳисоби Эквайер дар

Бонки ҳисоббаробаркунӣ ворид нашудаанд, корманди ваколатдори

Эквайер дархост тартиб дода, онро ба воситаи низоми электронии

додугирифти ҳуҷҷатҳо ё ба таври хаттӣ ба Танзимгар ирсол менамояд.

  1. Даъвоҳо тибқи асосҳои муқарраркардаи қоидаҳои мазкур

аз ҷониби Танзимгар қабул мегарданд.

  1. Нусхаи супоришномаи Иштирокдор бо қайди Танзимгар

дар хусуси иҷро гардидани натиҷаҳои баррасии даъвоҳои молиявии

Иштирокдор, инчунин беруннависи Суратҳисоби Иштирокдор дар

32

Бонки ҳисоббаробаркунӣ, ки дар он амалиётҳои дар натиҷаи

баррасии даъвои молиявӣ гузаронидашуда акс ёфтаанд, барои

Иштирокдор тасдиқи баррасӣ ва таҳлили даъвои молиявӣ ба ҳисоб

меравад.

  1. Муқаррароти хотимавӣ
  2. Баробари навкунии вазифаҳои амалкунанда ва ҷорӣ

шудани технологияҳои нави НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”, инчунин

вобаста ба иҷрои ҳатмии тағйиротҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии

Тоҷикистон, тибқи Қарори тасдиқнамудаи Раёсати Бонки миллии

Тоҷикистон ба Қоидаҳои мазкур тағйиру иловаҳои дахлдор ворид

карда мешаванд.

33

Замимаи №1

ба Қоидаҳои фаъолияти

Низоми пардохти миллии

“КОРТИ МИЛЛӢ”

Ариза

оиди иштирок дар Низоми пардохти миллии

“КОРТИ МИЛЛӢ”

  1. Номи пурраи ташкилот:

Бо забони давлатӣ: ___________________________________________________

Бо забони русӣ: _______________________________________________________

Бо забони англисӣ: ____________________________________________________

  1. Суроғаи ҳуқуқӣ:

Индекс: _____________________________ Шаҳри:_____________________

Кӯчаи: ______________________________________________________________

Телефон: ____________________________ Факс:____________________

E‐mail: ______________________________ WWW:___________________

  1. Суроғаи почтавӣ (агар аз суроғаи ҳуқуқӣ фарқ кунад, нишон дода

шавад):

Индекс: _____________________________ Шаҳри:____________________

Кӯчаи: ______________________________________________________________

Телефон: ____________________________ Факс:______________________

  1. Шахсони масъул оиди кор бо кортҳо:

Ному насаб Вазифа Суроғаи

почтаи

электронӣ

Телефон Факс

  1. Намуди барнома

Эмиссия □ АТМ‐эквайринг □ Эквайринги савдо □ Эмиссия ва эквайринг □

Имзои Роҳбар___________ Сана ____________Ҷ. М.

34

Замимаи №2

ба Қоидаҳои фаъолияти

Низоми пардохти миллии

“КОРТИ МИЛЛӢ”

Нақшаи фаъолият

  1. Нишондиҳандаҳои миқдорие, ки дар марҳилаҳои муайян ба

нақша гирифта шудаанд, бояд нишон дода шаванд (ҷадвали 1).

Ҷадвали 1

6 моҳ 12 моҳ 18 моҳ 24 моҳ

Миқдори кортҳо

Миқдори банкоматҳо

Миқдори нуқтаҳои қабул ва/ё пешниҳоди

пули нақд

Миқдори терминалҳо дар муассисаҳои

савдо ва хизматрасонӣ

Миқдори терминалҳои худкори

худхизматрасон

  1. Барои иштирокдороне, ки барномаҳои кортии амалкунанда

доранд, навъ ва миқдори кортҳои пардохтии баровардашуда,

миқдори банкоматҳо, нуқтаҳои қабул ва ё пешниҳоди пули нақд,

миқдори муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки бо онҳо дар

доираи эквайринги савдо шартномаҳо баста шудааст ва миқдори

терминалҳо дар онҳо нишон дода шавад. (Ҷадвали 2)

Ҷадвали 2

35

Миқдор

Кортҳои пардохтии бонкӣ

Банкоматҳо

Нуқтаҳои қабул ва ё пешниҳоди пули нақд

Муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ

Терминалҳо дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ

Терминалҳои худкори худхизматрасон

  1. Дар бораи сохтори техникие, ки барои дастгирии фаъолият

истифода мегардад, маълумот дода шавад:

1) Реҷаи пайвастшавӣ:

‐ On‐line ‐ навъи ашёи барномавӣ ва таъминоти техникии

истифодашаванда (номи истеҳсолкунанда ва номгуи ашёи

барномавӣ).

‐ Off‐line – Номгӯи низоми автоматишудаи бонкӣ ё қисмате, ки

коркард ва баҳисобгирии амалиётҳои бо истифодаи кортҳои

пардохтиро иҷро менамояд.

2) Навъи банкоматҳо ва терминалҳое, ки барои васл намудан ба

нақша гирифта шудаанд.

3) Тарзи гузаронидани персонализатсия (мустақилона ё дар

Маркази протсессингии миллӣ). Таҷҳизот ва ашёи барномавии

истифодашаванда ҳангоми мустақилона анҷом додани

персонализатсия.

4) Номи истеҳсолкунандаи маҳсулоти нимтайёри кортҳои

пардохтии бонкӣ.

5) Намудҳои хатҳои алоқа барои робитаи дистансионӣ, барои

пайвасткунии банкоматҳо, терминалҳо ва таҷҳизоти дигар.

36

Таснифоти техникии НПМ “КОРТИ МИЛЛӢ”

Хати магнитӣ мутобиқи стандарти ISO 7813 рамзгузорӣ шудааст.

  1. Роҳаки якуми хати магнитӣ

Дарозии зиёдтарини роҳаки якум аз 79 рамз иборат аст (аз ҷумла Start

Sentinel, End Sentinel ва Longitudinal Redundancy Check (LRC)), дар

амал дарозии роҳак ба дарозии ному насаби дорандаи корт вобаста

мебошад.

Андозаи маълумоти роҳаки 1 дар ҷадвали 1 нишон дода шудааст:

Ҷадвали 1

№ п/п Дарозии

майдон

Рамзи

майдон

Номи майдон Мазмуни

майдон, эзоҳ

1 1 STX Start Sentinel %

2 1 FC Format Code B

3 16 ё 19 PAN Primary Account

Number (PAN)

4 1 FS Separator ^

5 2 – 26 NM Cardholder Name

6 1 FS Separator ^

7 4 ED Expiration Date YYMM

8 3 SC Service Code 3 рақам

9 5 PVD PIN Verification Data PVKI дар мавқеи

1, PVV аз мавқеи

2 то 5. Пур карда

мешавад «99999»

ҳангоми

набудани PVD

10 8 ё 5 (аз

дарозии

PAN

вобаста

мебошад)

DD Discretionary Data Бо маълумотҳои

эмитент пур

карда мешавад,

«9» ҳангоми

набудани

маълумот

11 11 RSV Reserved MBR дар мавқеи

1, «0» дар мавқеи

2, CVV аз мавқеи

3 то 5, дигарҳо

«0»

37

12 1 ETX End Sentinel

13 1 LRC Longitudinal

Redundancy Check

(LRC)

Тибқи ISO 7811‐2

ҳисоб карда

мешавад

Намунаи роҳаки 1, PAN 16 аломат

%B6832152229337443^TEST/A^0909121123459999999920257000000?X

дар ин ҷо:

% ‐ Start Sentinel

B – Format Code

6832152229337443 – PAN

TEST – Surname

/ ‐ Surname Separator

A – First Name

^ ‐ Separator

0909 – Expiration Date

121 ‐ Service Code

12345 ‐ PIN Verification Data (аз он ҷумла PVKI ва PVV)

99999999 – Discretionary Data

20257000000 ‐ Reserved, дар ин ҷо 2‐ MBR, 257 – CVV

? ‐ End Sentinel

X ‐ LRC

Намунаи роҳаки 1, PAN 19 аломат:

%B6832152229337443925^TEST/A^0909121123459999920257000000?X

дар ин ҷо:

% ‐ Start Sentinel

B – Format Code

6832152229337443925 – PAN

TEST – Surname

/ ‐ Surname Separator

A – First Name

^ ‐ Separator

0909 – Expiration Date

121 ‐ Service Code

38

12345 ‐ PIN Verification Data (аз он ҷумла PVKI ва PVV)

99999 – Discretionary Data

20257000000 ‐ Reserved, ки дар ин ҷо 2‐ MBR, 257 – CVV

? ‐ End Sentinel

X ‐ LRC

  1. Роҳаки дуюми хати магнитӣ

Дарозии роҳаки дуюм аз 40 аломат иборат аст (аз ҷумла Start Sentinel,

End Sentinel и Longitudinal Redundancy Check (LRC)).

Андозаи маълумоти роҳаки 2 дар ҷадвали 2 нишон дода шудааст:

Ҷадвали 2

№ п/п Дарозии

майдон

Рамзи

(коди)

майдон

Номи майдон Мазмуни майдон,

эзоҳ

1 1 STX Start Sentinel ;

2 16 ё 19 PAN Primary Account

Number (PAN)

Тибқи ISO 7812‐1

ҳисоб карда мешавад

3 1 FS Separator =

4 4 ED Expiration Date YYMM

5 3 SC Service Code 3 рақам

6 5 PVD PIN Verification

Data

PVKI дар мавқеи 1,

PVV аз мавқеи 2 то 5.

Пур карда мешавад

«99999» ҳангоми

набудани PVD

7 8 ё 5

(вобаста аз

дарозии

PAN)

DD Discretionary

Data

CVV аз мавқеи

1 то 3, MBR дар

мавқеи 4,

маълумотҳои дигар

аз ҷониби эмитент

сабт карда мешавад,

«9» ҳангоми набудани

маълумот

8 1 ETX End Sentinel ?

9 1 LRC Longitudinal

Redundancy

Check (LRC)

Тибқи ISO 7811‐2

ҳисоб карда мешавад

Намунаи роҳаки 2, PAN 16 аломат:

;4132152229337443=09091211234525799999?Х , ки дар ин ҷо:

39

; ‐ Start sentinel

4132152229337443 – PAN

= ‐ Separator

0909 – Expiration Date

121 ‐ Service Code

12345 ‐ PIN Verification Data (аз ҷумла PVKI ва PVV)

257299999 – Discretionary Data, где 257 – CVV, 2 – MBR

? – End sentinel

X – LRC

Намунаи роҳаки 2, PAN 19 аломат::

;4132152229337443925=09091211234525799?Х

дар ин ҷо:

; ‐ Start sentinel

4132152229337443925 – PAN

= ‐ Separator

0909 – Expiration Date

121 ‐ Service Code

12345 ‐ PIN Verification Data (аз ҷумла PVKI ва PVV)

257299 – Discretionary Data, где 257 – CVV, 2 – MBR

? – End sentinel

X ‐ LRC

9.3. Service code (Рамзи хизматӣ)

Таъинот: муайян кардани шаклҳои дастраси хизматрасонӣ барои корт

Андоза: се рақам

Мазмуни рақамҳо:

Рақами якум

1 – Истифодабарии байналмилалӣ

2 – Истифодабарии байналмилалӣ нишон медиҳад, ки корт дорои

схемаи интегралӣ аст ва агар имконият бошад, транзаксияи молиявӣ

бо ёрии схемаи интегралӣ амалӣ мегардад.

5 – Истифодабарӣ танҳо дар дохили кишвар.

6 – Истифодабарӣ танҳо дар дохили кишвар нишон медиҳад, ки корт

дорои схемаи интегралӣ аст ва транзаксияи молиявӣ, агар имконият

бошад, бо ёрии нақшаи интегралӣ амалӣ мегардад.

7 – Истифодабарии хусусӣ.

40

9 – Истифодабарӣ бо мақсадҳои санҷишӣ.

Рақами дуюм

0 – Авторизатсияи муқаррарӣ

2 – Протсессинги реҷаи вақти воқеиро талаб мекунад ва ба таври

ҳатмӣ гирифтани тасдиқи авторизатсия аз эмитент лозим мебошад.

4 ‐ Протсессинги реҷаи вақти воқеиро талаб мекунад ва ба таври ҳатмӣ

гирифтани тасдиқи авторизатсия аз эмитент лозим мебошад, агар дар

шартномаҳои дутарафа ба тарзи дигар қайд нашуда бошад..

Рақами сеюм

0 – Маҳдудият ба шакли хизматрасонӣ вуҷуд надорад, дохил намудани

рақами мушаххаскунандаи шахсӣ лозим мебошад

1 – Маҳдудият ба шакли хизматрасонӣ вуҷуд надорад

2 – Танҳо пардохти мол ва хизматрасонӣ (гирифтани пули нақд манъ

аст)

3 – Истифодаи корт танҳо дар банкоматҳо, дохил намудани рақами

мушаххаскунандаи шахсӣ лозим мебошад

4 – Танҳо гирифтани пули нақд.

5 ‐ Танҳо пардохти мол ва хизматрасонӣ (дохил намудани рақами

мушаххаскунандаи шахсӣ лозим мебошад)

6 – Маҳдудият ба шакли хизматрасонӣ вуҷуд надорад, талаби ворид

намудани рақами мушаххаскунандаи шахсӣ ҳангоми мавҷуд будани

таҷҳизоте, ки ба ворид намудани рақами мушаххаскунандаи шахсӣ

имконият медиҳад.

7 ‐ Танҳо пардохти мол ва хизматрасонӣ, талаби ворид намудани

рақами мушаххаскунандаи шахсӣ ҳангоми мавҷуд будани таҷҳизоте,

ки ба ворид намудани рақами мушаххаскунандаи шахсӣ имконият

медиҳад.__

 

“Тасдиқ шудааст”

бо Қарори Раёсати

Бонки миллии Тоҷикистон

аз 1 июни соли 2012, №113

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …