ҚАЗОҚИСТОНИ ШИМОЛӢ, вилоятест дар ҳайати РСС Қаз. 29 июли 1936 таъсис ёфтааст. Масоҳ. 44,3 ҳаз. км2. Аҳолиаш 597 ҳаз. наф. (1984), аҳолии шаҳрӣ 44% 13 район, 4 шаҳр ва 1 птш дорад. Марказаш ш. Петропавловск. Дар ҳамвории Сибири Ғарбӣ воқеъ аст. Ҳарор. миёнаи янв. аз —18 то —19С, июль 19—20°С. Боришоти солона 300—-340 мм. Дарьёи асосиаш Ишим. Растаниҳои даштӣ меруянд. Вилоят ба ноҳияи иқтисодии Қазоқистон дохил мешавад. Соҳаҳои асосии саноат: хурокворӣ (гушт, орду равғанкашӣ), мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ. Қ. Ш. ноҳияи муҳимии азхудкунии заминҳои нам мебошад. Асосан гандум, зағир, картошка ва ғ. мекоранд. Гов, гусфанд, буз, хук мепарваранд. Вилоят бо ордени Ленин (1966) мукофотонида шудааст.
Tags вилоят
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …