ҚАТАҒАНҲО, қатағанҳо, яке аз қабилаҳои турк аст. С. 1924 дар Узбекистон ва Тоҷикистон миқдори умумии Қ. 27,2 ҳаз. буд. Қ. дар ҷан. Тоҷикистон дар соҳилҳои д-ҳои Вахш, Сурхоб, Панҷ ва Яхсу, дар Узбекистон асосан дар болооб ва резишгоҳи Қародарьё, водии Шаҳрисабз, болооби д. Яккабоғ маскун шуда буданд. Як гуруҳи Қ., (бештар аз 7 ҳаз. кас) дар Кармина (ҳозира p-ни Навоӣ), ҳаволии Самарқанд (ҳозира p-ни Қаттақурғон) ва Хоразм мезист. Дар солҳои сохтмони социалистӣ Қ.-и нимбодияиишин ба ҳайати узбекҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо дохил гардиданд.