«ҚАРОБОДИНИ ҚОДИРӢ» асари тиббии Мирмуҳаммади Акбар (маъруф ба Муҳаммади Арзонӣ), ки с. 1717 таълиф кардааст. Мирмуҳаммади Акбар ғайри «Қ. Қ.» оид ба тиб таълифоти зиёде дорад, ки «Тибб-ун-набӣ», «Тибб-ул-акбар», «Муфарреҳ-ул-кутуб», «Мизоя-ут-тиб», «Таориф-ул-амроз» ва «Муҷарработи Анбарӣ» амсоли онанд. «Қ.
Қ.» аз 23 боби асосӣ ва 2 боби иловагӣ иборат аст. Бобҳои асосӣ дар бораи адвияи бемориҳои cap ва иллати майна, чашму гуш, бинӣ ва қисмҳои он, дандон ва милк, лабу дадон ва забон, ҳалқу ҳанҷара ва касабаи шуш, синаву шуш ва пардаҳои синаву шуш, дилу меъда, ҷигар, талха, сипурз ва амрозе, ки ба ин узвҳо вобастаанд, бемориҳои руда, қуланҷ, исҳоли гуногун ва кирмҳои шикам, гурдаю масона, мақъад, бачадон, дубл ва бавосир, пистон, олоти таносул ва ғ., рагу пайвандн бадан, пушт, кӯзпушт, рон, сурин, ирқунисо, даволӣ, пошна, панҷа ва ғ., пуст, оташак, дузом ва сухтани пуст, хурда шудани аъзо, заҳролудшудагон баҳс мекунанд. Боби 22 бошад, доир ба тадбири мусофирон, яъне дар бораи адвияе, ки барои сафар заруранд маълумоти мукаммал медиҳад. Бобҳои иловагии «Қ. Қ.» асосан ба адвияе, ки аз он ҳашароти заҳрнок мегурезад, тариқи сухта тайёр кардани адвия ва ҳифзи он, истеъмоли чуби чинӣ, сарсабил ва ғ, оиданд. «Қ. Қ.» борҳо нашр шудааст.
Ҳ. Зоҳидов.