Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАЛЪАИ ДУШАНБЕ

ҚАЛЪАИ ДУШАНБЕ

ҚАЛЪАИ ДУШАНБЕ, ёдгории археологӣ ва форивфикацноняи мансуб ба а. 19— ибт. а. 20, ки дар тарафи рости нишебии кучаи Путовскии ҳозира ш. Душанбе воқеъ буд. Қалъаро топографи рус Петров, ки с. 1884 ба Душанбе омада буд, тасвир кардааст. Он дар соҳили д. Душанбе аз гил сохта шуда, шакли чоркунҷаро дошт. Дарозии девори дар як тарафаш зиёда аз 100 мбуд, баландии он то ба 5 м мерасид. Дар кунҷҳои девори қалъа бурҷҳо буданд. Қ. Д.-ро аз се тараф биноҳо ва боғот иҳота мекарданд, тарафи чаҳорумаш бо д. Душанбе ҳамҳудуд буд. Қалъа фақат як дарвозаи мустаҳками кандакоришудае дошт. Қалъа аз се ҳавлии дарун ба дарун иборат буд. Қ. Д. аз с. 1907 қароргоҳи тобистонаи беки Ҳисор гардид. Баъди барпошавии Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон дар он қисмҳои Армияи Сурх ҷой гирифтанд. Минбаъд қалъа тамоман хароб гардид.

Ад.: Андреев Гр., В Хисаре, «Туркестанские ведомости», 1916, № 2.

Ш. Юсуфов.

, ёдгории археологӣ ва форивфикацноняи мансуб ба а. 19— ибт. а. 20, ки дар тарафи рости нишебии кучаи Путовскии ҳозира ш. Душанбе воқеъ буд. Қалъаро топографи рус Петров, ки с. 1884 ба Душанбе омада буд, тасвир кардааст. Он дар соҳили д. Душанбе аз гил сохта шуда, шакли чоркунҷаро дошт. Дарозии девори дар як тарафаш зиёда аз 100 мбуд, баландии он то ба 5 м мерасид. Дар кунҷҳои девори қалъа бурҷҳо буданд. Қ. Д.-ро аз се тараф биноҳо ва боғот иҳота мекарданд, тарафи чаҳорумаш бо д. Душанбе ҳамҳудуд буд. Қалъа фақат як дарвозаи мустаҳками кандакоришудае дошт. Қалъа аз се ҳавлии дарун ба дарун иборат буд. Қ. Д. аз с. 1907 қароргоҳи тобистонаи беки Ҳисор гардид. Баъди барпошавии Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон дар он қисмҳои Армияи Сурх ҷой гирифтанд. Минбаъд қалъа тамоман хароб гардид.

Ад.: Андреев Гр., В Хисаре, «Туркестанские ведомости», 1916, № 2.

Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …