ХИСРАВИИ БУХОРОӢ Ҷамолуддин Абӯбакр ибни Соид (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Ҳаёти Xисравии Бухороӣ бештар дар Ҳиндустон гузаштааст. Шеърҳои ӯ дар тазкираҳо кам дучор мешаванд. Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» дар бораи шоир мухтасар маълумот дода, 13 байти ӯро ба тариқи намуна дарҷ кардааст. Ин чанд байт аз ӯст:
Оби рӯятро чаман аз тӯҳфа бар рух мезанад,
Хоки кӯятро фалак аз дида бар сар мекашад.
Гавҳари нӯшини ту дар лаъли лӯълӯ мениҳад,
Савсани симини ту аз лола анбар мекашад.
Мушки анбаррези ту бар моҳ чавгон мезанад.
Лаъли шаккарбори ту аз писта шаккар мекашад. С. Воҳидов.