ХЕЛСИНКИ (финӣ Неlsinki), Гелсингфорс (шведӣ Неlsingfors), пойтахти Финляндия. Дар соҳили халиҷи Фин воқеъ гаштааст. Калонтарин бандари мамлакат, узели роҳҳои нақлиёт. Аҳолиаш 485 ҳазор нафар (4985). Маркази асосии саноати мамлакат. Мошинсозӣ (киштисозӣ, электротехника, электроника, асбобсозӣ), саноати бофандагӣ, химия, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, хӯрокворӣ (қаннодӣ, спирту арақ, ордкашӣ, тамоку) ва чинию фаянс ривоҷ ёфтааст.
Дар паздики шаҳр стансияи электрии атомӣ ҳаст. Университет институтҳои педагогӣ, технологӣ, ветерипарӣ, савдо ва ғайра, Академияи Финляндия, Академияи мусиқӣ (консерватория), театрҳо, залҳои концертӣ, китобхонаҳо, музею нигористони суратҳо, боғҳои ботаникӣ ва ҳайвонот, инчунин аэропорт (Сеутула) ва метрополитен дорад. Машҳуртарин ёдгориҳои меъмориаш: бинои Сенати калон, Масҷиди ҷомеи ҳазрати Николаи (ҳар ду асри 19), Вокзали марказӣ (аввали асри 20), қасри «Финляндия» (1907—71) ва ғайра Xелсинки соли 1550 бунёд ёфтааст; аз 1812— шаҳри асосии Князии бузурги Финляндия, аз декабри 1917— пойтахти Финляндияи мустақил. Дар Xелсинки ноябри 1905, август— апрел 1906 ва ноябр— декабр 1907 В. И. Ленин зиндагӣ кардааст.