ХАТОҲОИ МАНТИҚӢ, дар ҷараёни фикр аз рӯи беэҳтиётӣ ва беғаразона вайрон кардани қоидаю қонунҳои мантиқро гӯянд. Онҳо ба 3 гурӯҳ тақсим мешаванд: 1) ҳангоми хулосабарорӣ, агар қазияи исбот тағйир ёбад, ба ҷои қазияи исботшаванда қазияи дигар собит мешавад. Чунин шакли хатои мантиқиро маъмулан дар лаҳзаҳои ғайриимкон будани исботи тезиси пешниҳодшуда истифода мебаранд; 2) аз асосҳои бардурӯг ё шубҳанок баровардани тезиси исботшаванда. Дар ин ҳолат тарзи исбот дуруст бошад ҳам, асосл исбот нодуруст аст; 3) барои исбот истифода бурдани далелҳое, ки асоси басандан қазия шуда наметавонанд. Xатоҳои мантиқӣ нишонаи шаклан нодуруст будани исбот, муҳокима, хулосабарори ва ғайра мебошанд.
Н. Сайфуллоев.