Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАШХОШИҲО

ХАШХОШИҲО

ХАШХОШИҲО, кӯкнориҳо (Рараvегасеае), як оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд. Xашхошиҳо асосан гиёҳҳои яксолаву бисёрсола, баъзан нимбуттаву бутта ва дарахтони хурд (масалан Dedromekon, Воссоnia агborea) мешаванд. Дар узвҳои хашхошиҳо шираи ширмонанд ҳосил мешавад. Xашхошиҳо одатан гулҳои калон, 4—6 (баъзан то 16)-барга, ғӯзаи сертухм ва тухми майда доранд.

pixabay1_d_850
Xашхошиҳо 25 ҷинсу 450 намуд (мувофиқи маълумоти дигар тақрибан 50 ҷинсу беш аз 700 намуд)-и растаниҳоро дар бар мегиранд. Дар СССР 6 ҷинс (қариб 70 намуд)-и хашхошиҳо маълуманд. Дар Тоҷикистои 3 ҷинси хашхошиҳо— Лаисаит, Коетепа ва Рарауег месабзанд. Xашхошиҳо растаниҳои сералкалоиданд. Дар байни онҳо растаниҳои доруӣ, заҳрнок (Р. somniferum, pаusimum, К. refracta ) ва ороишӣ (Р. оrientale) бисёранд. Махсусан хашхош дар саноати тиб ва хӯрокворm пурқимат аст.
Адабиёт.: Травинистые растения СССР, том 1, Москва. 1071; Флора Тақжикской ССР, том 4, Л., 1975. М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …