Маълумоти охирин

«ХАМСА»

«ХАМСА», (панҷганҷ», унвони умумии панч, маснавии Низомии Ганҷавӣ аст, ки дар як муҷаллад фароҳам омадаанд. Маснавии якуми «Хамса» — «Махзан-ул-асрор» (1176) яке аз аввалин осори маноуми фалсафию ахлоқӣ ба забони форсӣ-тоҷикист. Маснавии дуюми «Хамса» — «Хусрав ва Ширин» (1181) —қиссаи ишқи фоҷиаомези Хусраву Ширинро дар бар гнрифтааст. Маснавии сеюми «Хамса» — «Лайлӣ ва Маҷнун» (1188) яке аз боҳтарин достонҳои ишқии адабиёти классикии форсчтоҷик ба шумор меравад. Дар маснавии чаҳоруми «Хамса — «Ҳафт пайкар» (1197) саргузашти Баҳроми Гӯр ҳикоят шудааст. Маснавии панҷуми «Хамса» — «Искандарнома» (1202) аз корнамоиҳои Искандари Мақдуни нақл мекунад. «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ асрҳои зиёд мавриди таваҷҷӯҳи суханварон қарор ёфта, дар адабиёти форс-тоҷик ба равияи хамсанависӣ асос гузоштааст. Бисёр адибони форс-тоҷик, монанди Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Ҷомӣ ва намояндагони барҷастаи адабиёти дигар халқҳо (аз ҷумла Навоӣ) дар пайравии Низомӣ «Хамса» навиштаанд.
Нашр: Низомии Ганҷавӣ, Куллиёт, ҷилдҳои 1—5, Душанбе., 1982—85. А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …