ХАЛТАДОРҲО (Меtatheria), як навъ ҳайвоноти ширхӯри нисбатан соддаро гӯянд. Халтадорҳо бино бо таснифоти зоологӣ ба қатори мӯҳрадорҳо мансубанд. 9 оилаашон маълум аст: опоссумҳо, халтадорҳои дарранда, мӯрчахӯрҳои халтадор, қашқалдоқҳои халтадор, кӯрмушҳои халтадор, оппоссумҳои калламушшакл, поссумҳо, вомбатҳо ва кенгуруиҳо ё халтадорҳои ҷаҳанда. Опоссумҳо (Didelfidae) дар бешазори Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд. Дарозии танашон 8—50 см, думашон 9— 53 см. Барои гӯшт шикор мекунанд. Халтадорҳои дарранда (Dasuiridae) дар Австралия, Тасмания, Гвинеяи Нав ва ҷазираҳои ба онҳо наздик маскунанд. Дарозиашон аз 8 то 130 см. Мӯрчахӯрҳои халтадор як намуд дорад — Муrmecobius fasciatus. Дарозии танаш 17—27 см, думаш 13—17 cм. Рангаш хокистарии сиёҳтоб, тахтапушташ рахҳои кӯндаланги сафед дорад. Дар Австралигяи Ғарбӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ паҳн шудааст. Хӯрокаш асосан термитҳост.
Қашқалдоқи халтадор ё бандикутҳо (Реramelidae) дар Австралия, Тасмания, Гвинеяи Нав ва ҷазираҳои ба онҳо наздик зиндагӣ мекунанд. Дарозии баданашон 17—50 см, думашон 9—26 см, вазнашон то 4,7 кг. Кӯрмушҳои халтадор (Notorustidae) дар Австралия Ҷанубӣ Марказӣ ва Ғарбӣ паҳн шудаанд. Дарозии танашон 15—18 см, думашон 1—2 см. Рангашон сафед ва сурхи зардча. Опоссумҳои калламушшакл (Саеnolectidae) дар ғарби Америкаи Ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд. Зоҳиран ба калламуш монанд буда, дарозии танашон 9—14 см, думашон 6—13 см аст.
Ғизояшон ҷонварони бемуҳра мебошад. Поссумҳо (Рhalangerdiae) дар бешазори Австралия, Тасмания, Гвинеяи Нав, галаҷазираҳои Малай, Бисмарк, ҷазираҳои Соломон маскунанд. Дарозиашон 12—120 см. Бештар ҷои зисташон дарахт аст. Хӯрокашон асосан растанӣ мебошад. Вомбатҳо (Bombatidae) дарозиашон кариб 1 м. Гурӯҳ шуда дар зери замин (бештар дар бешазор) зиндагӣ мекунанд. Ғизояшон наботот аст. 2 ҷинс доранд, ки дар Австралия ва Тасмания паҳн шудаанд. Кенгуруиҳо (Масгороtidae), дарозии танашон аз 23 см то
1,6 м, думашон аз 13 см то 1,1 м. Пои қафояшон ннсбат ба нои пеш дароз ва боқувват аст. Дар Австралия, Тасмания, Гвинеяи Нав, галаҷазираи Бисмарк ва ғайра зиндатӣ мекунанд.
Халтадорҳо зоҳиран гуногунанд. Думи аксарашон нағз инкишоф ёфтааст. Пашми халтадорҳо зичи мулоим, одатан якранга ва баъзан холдор ё рах-рах мебошанд. Шакл ва дараҷаи инкишофи халтаи бисёр намудҳои халтадорҳои модина гуногуд аст. Халта ба пеш (кенгуру, вомбатҳо ва ғайра) ё ақиб (қашқалдоқи халтадор, баъзе халтадорҳои дарранда) кушода мешавад; дар дохили халта 2—6 пистон ҳаст. Аксар халтадорҳо тез ҳаракат мекунанд. Xалтадорҳое, ки дар ҷойҳои кушод зиндагӣ мекунанд, ҷаҳида-ҷаҳида (баъзан то 55 м) роҳ мераванд. Ҳамлашон 8—40 шаборӯз. Бачаҳои инкишофнаёфта (дарозиашон 0,5—3 см) мезоянд, ки баробари таваллуд ба халта даромада, то 8 моҳ меистанд.