Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИМОБ

СИМОБ

СИМОБ (лотинӣ Hadrargyrum), Нg  элементи гурӯҳи II системаи даврии Менделеев; рақами атомиаш 80; массаи атомиаш 200,59; t гудозишаш—38,89С; t ҷӯшишаш 357,25Х; зичиаш (Симоби моеъ) 13520 кг/м3 (20°С). Металли сафеди нуқрагуни вазнин, дар ҳарорати хона — моеъ. Симоб аз қадим ба инсон маълум аст. Ҳанӯз 300 сол то милод аз кони Алмаден (Испания) Симобро истихроҷ мекарданд. Симоби хӯдруй бошад, 2000 сол то милод ба мардуми Ҳиндустон ва Хитой маълум буд. Пайвасти Симоб киноварро (НgS) дар он замонҳо ҳамчун ранг, дорувор ва воситаи зебу зинат истифода мебурданд. Симоб 4,5* 10-6%-и массаи қишри Заминро ташкил медиҳад. Дар табиат дар шакли минерали киновар ва худрӯй дида мешавад. Дар ҳарорати муқаррарӣ Симоб ягона металли моеъ мебошад. Симоби табиь ащ омехтаи ҳафт изотопи собит таркиб ёфтааст. Конфигуратсияи қабати берунии электрониаш 5d10 6s2 . Симоб аз ҷиҳати химиявӣ на он қадар фаъол аст. Дар пайвастҳояш асосан як ва дувалента мебошад. Дар кислотаҳои консентронидаи нитрат ва сулфат, инчунин дар «шаҳшароб» ҳал мошавад. Тилло, нуқра, руҳ, сурб ва дигар металлҳо дар Симоб ҳал шуда, амалгама ҳосил мекунанд. Пайвастҳои маъмултарини Симоби яквалента галогенидҳо, нитрати Симоб—  ва перхлорати Симоб— Нg2 (NO4) ба шумор мераванд. Реаксияи байни Нg2 (СlO4 )ва маҳлули обии аммиак ҳанӯз ба алхимикҳо маълум буд. Ас ин реаксия пайвастҳои  HgCl * 2 NH3 ҳосил мешаванд. Бо оксиген оксидҳои Hg2 О (сиёҳ) ва НgО (сурх) ҳосил мекунад. Аксари намакҳои Симоби дувалента дар об ҳал намешаванд. Симоб барои истеҳсоли барометр, термометр, манометр, насосҳои вакуумӣ, полярографҳо, лампаҳои симобӣ ва дигар асбобҳои илмӣ, ҳамчун катализатори синтези кислотаи асетат, катоди моеъ дар просесси истеҳсоли электролизии ишқорҳо ва хлор, барои амалг&монни тилло, нуқра, инчунин дар тиб, хоҷагии қишлоқ ва истеҳсоли моддаҳои тарканда истифода мешавад. Буғҳои Симоб ва пайвастҳои он заҳрноканд. Бинобар ин ҳангоми бо он кор кардан эҳтиёт шудан лозим.

                                                                                 Т. Идрисов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …