Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАБАРКАШӢ

ХАБАРКАШӢ

ХАБАРКАШӢ, дидаву дониста дурӯғ гуфтан, дар ҳуқуқи ҷиноятии совети ба орган ё шахси мансабдорн он дидаву дониста расонидани маълумоти дуруғ аз хусуси ҷинояте, ки дар ҳақиқат воқеъ нашудааст ё худ дар бораи содири ҷиноят аз тарафи шахсе, ки онро содир накардааст. Ҳамаи гражданинҳои снннашоп ба 16 расида барои дидаву дониста дурӯғ гуфтан ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мувофиқи Кодекси Ҷиноятии РСС Тоҷикистон шахсоне, ки бо мақсади айбдор намудани шахсони бегуноҳ дар ҳаққи онҳо доир ба содир кардани ҷинояти махсусан хавфноки давлатӣ, ё дигар ҷиноятҳои вазнин далелҳои қалбакӣ тайёр намуда, дидаву дониста хабарҳои бардурӯғ медиҳанд, ба муддати аз 2 то 7 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд (моддаи 193, Кодекси Ҷиноятии РСС Тоҷикистон). Xабар аз тӯҳмат фарқ дорад. Хабар (маълумоти дурӯғ) ба органҳои милиция, бехатарни давлатӣ, прокуратура ва суд расонида мешавад, то ки туҳматшаваида ба масъулияти ҷиноятӣ кашида шавад. Шахсоне, ки моҳияти ҳақиқии хабари дурӯғи худро нафаҳмида, ба органҳои дахлдор ва шахсони мансабдор аз поймол шудани ҳуқуқи қонуниашон беасос шикоят карданӣ мешаванд ё шикоят мекунанд, хатои беғаразона содир менамоянд, ки кирдори ҷиноятӣ ҳисоб намешавад. Аз ин рӯ қонун доир ба ин масъала сар кардани кори ҷиноятиро раво намедонад. Xабар бояд қатъан маҳкум гардад.
М. Раҷаббеков.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …