АБУЛҲАЙСАМИ ГУРГОНӢ Хоҷа Аҳмад ибни Ҳасан (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (охири асри 10 – ибтидои асри 11). Абулҳасайми Гургонӣ дар овони ҷавонӣ ба омӯхтани илму ҳикмати замони худ таваҷҷӯҳи зиёд дошта, шеърро некӯ месурудааст.
Носири Хусрав дар асари худ «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» ӯро ба некӣ ёд кардааст. Аз ашъори ӯ як қасида пайдо гардидааст, ки ақидаҳои фалсафию ирфонии Абулҳасайми Гургониро ифода мекунад. Носири Хусрав ба ин қасида шарҳ навишта, шоир Абусаиди Нишопурӣ шарҳи абёти онро дар китоби алоҳидае ҷой додааст.
Адабиёт: Заҳрои Хонларӣ, Роҳнамои адабиёти форсӣ, Тошкент, 1340 ҳиҷрии шамсӣ У. Тоиров.