Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ФАРҲОД

СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ФАРҲОД

ges-farhod

СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ФАРҲОД, ГЭС-и Фарҳод, истгоҳи барқии обист, ки дар дарёи Сир (вилояти Сирдарёи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Ӯзбакистон) сохта шудааст. Соле ба ҳисоби миёна 825 млн кВт с қувваи электр истеҳсол мекунад. Дар бинои Стансияи электрии обии Фарҳод гидроагрегатҳои 30 ва 33 ҳазор кВт қуввадошта гузошта шудааст. Сохтмони Стансияи электрии обии Фарҳод соли 1943 оғоз ёфт ва ҳамон сол аввалин гидроагрегати он ба кор даромад. Аз июни 1949 Стансияи электрии обии Фарҳодро бо иқтидори пуррааш ба истифода доданд. Гидроузели Стансияи электрии обии Фарҳодро дарғоти бетонӣ (баланднаш 28,5 м, дарозиаш 101 м), 8 обпарто (баландиаш 11 м, бараш 10 м), банди хокӣ (дарозиаш 500 м, баландиаш 27,5 м) ва ғайраро дар бар мегирад. Стансияи электрии обии Фарҳод бо системаи энергетикии Осиёи Миёна пайваст мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …