ПОРТЕР (Porter) Ҷорҷ (таваллудаш 6. 12. 1920, Стейнфорт, Йоркшир), физику химики англис, аъзои Ҷамъияти шоҳии Лондон (1960). Дар Унститутҳои Лидс ва Кембриҷ маълумот гирифтааст (1938—1941). Солҳои 1941—1945 дар армия хизмат кардааст. Дар Университетҳои Кембриҷ (1949— 1954) ва Шеффилд (1955—1963) дарс гуфтааст; профессори химия (1963—1966), директори Институти шоҳии Британияи Кабир (аз 1966). Президенти Комитети байналхалқӣ оид ба фотобиология (аз 1968); президенти Ҷамъияти химикони Британияи Кабир (аз 1970). Асарҳои асосии Порт ба кинетикаи реаксияҳои фотохимиявии тез дар фазаи газӣ оиданд. Ӯ (ҳамроҳи Р. Норриш) усули фотолизи импулсӣ ва спектроскопияи кинетикиро кор корда баромад, аввалин шуда дастгоҳи фотолизии лазерии импулсиро сохт. Лауреати Мукофоти нобелӣ (1967, ҳамроҳи Р. Норриш ва М. Эйген).