«Овози дӯстӣ», газета, органи комитети районии ПК Тоҷикистон ва Совети депутатҳои халқии pайони Рӯшон.
Аз соли 1949 бо тиражи 2100 нусха ҳафтае 2 маротиба ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Аввал «Рӯшони советӣ» ном дошт, аз соли 1960 то 1965 чопаш қатъ гардид. Аз январи 1966 бо номи «Овози дӯстӣ» нашр мешавад. Адади нашр 2300 (1982).