ФОТОГРАММЕТРИЯ (аз фото…, юнонӣ gramma — сабт кардан, тасвир ва …метрия), муайян намудани шакл, андоза ва мавқеи объектҳо аз рӯи тасвири фотографии онҳо.
Усулҳои фотограмметрия дар геодезия, картография, кори ҳарбӣ, тадқиқоти кайҳо истифода мешаванд.