Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОНИИ КАШМИРӢ Муҳаммад Муҳсин

ФОНИИ КАШМИРӢ Муҳаммад Муҳсин

ФОНИИ КАШМИРӢ Муҳаммад Муҳсин (соли таваллуд номаълум — вафот 1670, Кашмир), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар зодгоҳаш тарбия ёфта, илмҳои маъмули он замон — илоҳйёт, фиқҳ, мантиқ, сарфу наҳв, тиб, адабиёт ва ғайраро аз худ намуд. Фонии Кашмирӣ баъди таҳсил ба чанде аз ноҳияҳои Ҳиндустон сафар кард. Сипас, ба Балх омада, ба хидмати ҳукмрони он ҷо дохил шуд. Баъдтар боз ба Ҳиндустон баргашта, ба дарбори Шоҳиҷаъон роҳ ёфт ва ба мансаби садорати шаҳри Оллоҳобод таъин гардид. Вале дертар ба сабабе аз ин вазифа маъзул гардида, ба Кашмир баргашт ва то охири умр ба кори эҷодӣ ва таълиму тарбияи адибон пардохт. Муҳаммадтоҳир Ғании Кашмирӣ, Ҳоҷӣ Асламхони Солим (шоирони машҳури асри 17 Ҳиндустон) шогирдони Фонии Кашмирӣ мебошанд.
Фонии Кашмирӣ дар назм дасти қавӣ дошта, осори гаронбаҳое, аз ҷумла чаҳор маснавӣ («Нозу Ниёз», «Майхона», «Масдар-ул-осор», «Ҳафт ахтар») ва девони ашъор ба мерос гузоштааст. Ин маснавиҳо аз «Хамса»-и нотамоми ӯ буда, дар татаббӯи «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ навишта шудаанд.
Маснавии «Нозу Ниёз» (1928 байт) дар пайравии «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ таълиф ёфтааст. Сюжети достон ба воқеаи ҳақиқии ҳаётӣ — ишқи Сайидмӯсо ном ҷавони мусулмон ва ҳиндудухтар Муҳинӣ асос ёфтааст.
Маснавии «Майхона» (1279 байт) масъалаҳои гуногуни тасаввуфӣ ва фалсафиро дар бар мегирад. Сюжети муайяне надорад. Дар чанде аз бобҳои ин маснавӣ табиати зебои Кашмир тавсиф шудааст. Шоир мусиқӣ, шодӣ, ишқ, илмомӯзиро тараннум намуда, шайхони ҷоҳил ва ҳокимони золимро танқид кардааст. Маснавиҳои «Масдар-ул-осор» (2278 байт) ва «Ҳафт ахтар» (1607 байт) дар татабӯи «Махзан-ул-асрор» ва «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷави таълиф шудаанд. Дар достони аввал масъалаҳои тасаввуфӣ ва ахлоқӣ мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд, сюжети достони дуюм бошад, ишқист.
Девони ашъори Фонии Кашмирӣ қасида, қитъа ва ғазалиёти ӯро (тақрибан 360 ғазал) дар бар мегирад. Фонии Кашмирӣ дар ғазалиёташ ба ғайр аз мавзӯъҳои анъанавӣ ба мавзӯъҳои рӯамарра, аэ ҷумла воқеаҳои иҷтимоӣ, авҷ гирифтани зулму истибдод низ дахл кардааст. Масалан:
Дар ҷаҳон нахли ситамро нест уммеди самар.
Хуни ноҳақ хушк кард охир ниҳоли дорро.
Забони ашъори Фонии Кашмирӣ соддаву равон аст. Ба ақидаи муаллифони баъзе сарчашмаҳои адабӣ, Фонии Кашмирӣ осори мансур низ доштааст.
Осор: Мунтахаби ашъор, Душанбе. 1986.
А. Алимардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …