Маълумоти охирин

ФОИДА

ФОИДА, категорияи иқтисодист, ки дар просесси такрористеҳсоли васеъ натиҷаи молиявии фаъолияти хоҷагиро ифода мекунад. Дар замони капитализм категорияи фоида шакли тағйирёфтаи арзиши изофа буда, дар натиҷаи қисми муайяни меҳнати коргарони кирояро муфт аз худ кардани калиталистон ба вуҷуд меояд. Дар шароити капитализми монополистӣ (нигаред Империализм) мубориза барои ба даст овардани фоидаи калон ба омили инкишофдиҳандаи истеҳсолоти капиталистӣ табдил ёфта, дар айни ҳол боиси амиқ ва тезутундшавии мухолифатҳои ҷамъияти буржуазӣ гардид.

foida
Дар замони сосиалиам фоида мазмуни нави иҷтимоию иқтисодӣ пайдо карда, роҳу усули ба даст овардан, истифода ва таъсири он ба такрористеҳсоли ҷамъиятӣ аз фоида дар замони капитализм ба куллӣ фарқ мекунанд. Фоида дар ҷамъияти сосиалястӣ: 1) шакли конкретии зуҳури арзиши маҳсулоти изофа мебошад, ки он моликияти ҷамъиятист ва муносибатҳои истеҳсолию ёрии байниҳамдигарии сосиалистии меҳнаткашонро ифода мекунад; 2) аз меҳнати ба таври планӣ ташкилшудаи одамони аэ истисмор озод ба вуҷуд меояд; 3) аз фурӯши мол ба даст меояд, ки нархаш аз рӯи план муқаррар шудааст. Ин танҳо ба манфиати меҳнаткашон аст; 4) мавбаи асосии таъминоти молиявии талаботи мунтааам афэояндаи истеҳсолй ва баланд бардоштани некуаҳволии ҳамаи аъзоёни ҷамъият мебошад; 5) омили муҳимми иқтисодии аз рӯи план роҳбарӣ кардави хоҷагии халқ мебошад.
Дар замони сосиализм гирифтани фоида ба давлат тааллуқ дошта, барои манфиати тамоми ҷамъият истифода мешавад.
Васеъ намудани истеҳсолот, афзун кардани ҳосилнокии меҳнат, паст кардани арзиши аслии маҳсулот ва баланд бардоштани сифати он омилҳои муҳимтарини эиёд шудани фоида ва беҳтар шудани сифати он аст.
Дар шароити сосиализми тараққиёфта, ки интенсивонии иқтисодиёт хеле вусъат ёфтааст, аҳамияти фоида дар тараққиёти хоҷагии халқ меафзояд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …