ФЛОРИДА (Ғlorida), нимҷазираест дар ҷанубу шарқи Америкаи IIIимолӣ, як қисми штати Флорида (ШМА). Масоҳат 115 ҳазор км2. Сатҳаш тахту ҳамвор (баландиаш то 100 м); иқлимаш уқёнусӣ, дар шимол субтроникӣ, дар ҷануб тропикист.
Кӯлу ботлоқҳо бисёранд. Дар ҷануби Флорида боғи миллии Эверглейдс воқеъ гаштааст. Растаниҳояш дар шимол субтропикӣ (санавбар, магнолия, нахлҳои қадпаст), дар ҷануб тропикӣ (нахл ва ғайра) мебошанд. Конҳои фосфорит ва маъдани титан дорад. Дар қисми шарқии Флорида курортҳои зимистона мавҷуданд, ки калонтарини онҳо курорти Майами мебошад.