Маълумоти охирин

ФЛОРА

ФЛОРА (лотинӣ flога — олиҳаи гулҳо ва баҳор), маҷмӯи намудҳои набототро гӯянд, ки таърихан дар ин ё он ноҳияи географӣ паҳн шудаанд ва ё замонҳои пеш паҳн шуда буданд. Мафҳуми флора ҳамаи набототи мавзеъҳои муайянро дар бар мегирад, вале амалан онро фақат барои растаниҳои тухмдор ва сарахсшаклҳои ноҳияи тадқиқшаванда истифода мебаранд. Флораи хушкӣ ва флораи обӣ мешавад. Флораи Замин, қитъаҳои алоҳида ва қисматҳои он, ҷазираҳо, системаҳои кӯҳӣ ва ғайра, инчунин флораи мамлакатҳои алоҳида, вилоятҳои маъмурӣ ва ғайра мавҷуданд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …