ФИРОҚӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (нимаи дуюми асри 15 ва нимаи аввали асри 16). Номаш Хоҷа Айюб. Аз Шаҳрисабз. Дар ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Падараш Хоҷа Абулбарака аз акобири Шаҳрисабз буда, ба камолёбии фарзандаш дар ҷодаи шеъру шоирӣ кӯмак расонидааст. Бо тахаллуси Фироқӣ ва Айюб шеър гуфтааст. Дар ҷавонӣ ба шаҳри Ҳирот рафтааст. Ашъори Фироқӣ ба шакли пароканда дар баёзу тазкираҳо маҳфуз аст. У шоири ҳазлкаш ва шӯх буда, танқиди норасоиҳои замон дар эҷодиёташ мушоҳида мешавад. Манзараи табиатро низ хуб васф кардааст. Намунае аз ғазалиёти Фироқӣ:
Эй шохи гул, чу сарви сиҳӣ қад кашндаӣ,
Бар барги гул хатти зумуррад кашидаӣ.
Ташвиш мекашӣ, макаш, эй нақшбанди Чин,
Набвад чу чашму зулфаш агар сад кашидаӣ.
Ҷуз номаи қабули ман, эй хомаи қадар,
Ҳар нақши дилпазир, ки бошад, кашидаӣ.
Аз давлати висол Фироқӣ тамаъ мабар,
Ҷавру ҷафои ёр чу беҳад кашидаӣ.
__ У. Назиров.