ФАРЗОД Масъуд (таваллуд 1906, шаҳри Санандач), шоир ва мутарҷими эронӣ. Ашъораш дар маҷмуаҳои «Кӯи танҳои», «Базми дард» ва «Гули ғам» ҷамъ омадааст. Ашъори ӯ бештар мазмуни ишқию ахлоқӣ дорад. Фарзод дӯст ва ҳаммаслаки Содиқ Ҳидоят буда, ҳамроҳи у «Китоби мустаоби Вағ-Вағ Соҳиб» ном асари ҳаҷвие навиштааст. Доир ба адабиёти классикии форс-тоҷик тадқиқоти судманде низ дорад. Беш аз 12 сол ба нашри саҳеҳи девони Ҳофиз шуғл варзида, онро дар чаҳор ҷилд (1969 —71) ба табъ расондааст. Фарзод ба забони англисй низ тадқиқоту тарҷума дорад: «Вазни рубоӣ», «Тарҷумаи ғазалҳои Ҳофиз», «Тафсире дар бораи луғат аз матни Шекспир», «Муш ва Гурба»-и Убайди Зоконӣ. Драмаҳои У. Шекспир «Ҳамлет» ва «Хоб дар шаби тобистон»-ро аз англисӣ ба форсӣ гардондаааст.
Ф. Наҷмонов.