Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФАРЗИЯ – гипотеза

ФАРЗИЯ – гипотеза

ФАРЗИЯ (арабӣ — гумон, пиндошт), фараз, гипотеза, як шакли дониши илмист, ки муҳокимаи тахминии қонуниятҳои робитаи ҳодисаҳоро дар бар мегирад. Фарзия аз назария фарқ мекунад. Фарзия чун шаклҳои дигари дониш инъикоси олами моддӣ, образи субъективӣи олами объективӣ дар шуури одам аст. Фарзияи илмӣ маҷмӯи томи қазияҳоест, ки қисме аз онҳо боэътимод ва қисми дигарашон эҳтимолианд.

Нисбати фарзия ва таҷриба мисли таносуби маърифати назариявӣ ва таҷрибавӣ (эмпирикӣ) мебошад. Бисёр фарзияҳо дар натиҷаи ҷамъбасти омӯзиши таҷрибавии ҳодисаҳои вақеӣ ба вуҷуд омадаанд. Лекин фарзияҳое виз ҳастанд, ки на дар замннаи таҷрибаи пешина, балки дар асоси дигар нуктаҳои назарӣ эҷод шудаанд. Агар дар асоси фарзия маҷмӯи факту далелҳои нав тасдиқ гардад, он назарияи боэтимоди илмӣ ба шумор меравад.         Н. Қулматов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …