Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАРИД Шайх Фаридуддини Масъуд

ФАРИД Шайх Фаридуддини Масъуд

ФАРИД Шайх Фаридуддини Масъуд мулаққаб ба Қутбулмуваҳҳидин, Қутбуззо ҳиддин ва Ганҷшакар (1173, Мултон—1266, Поклатани Панҷоб), шоири форсизабони Ҳиндустон, асосгузори адабиёти панҷобӣ. Падараш аслан аз Кобул буда, ба Мултон кӯчидааст. Фарид пас аз хатми таҳсил ба Қандаҳору Бағдод ва баъзе шаҳрҳои Эрон сафар карда, сипас оа Деҳлӣ омада, яке аз пешвоёни тасаввуф шудааст. У ниҳоят ба Панҷоб баргашта, дар синни 93-солагӣ вафот кардааст. Фарид дар ашъораш адолат, дустию рафоқат, сарбаланди, одаму одамгарӣ, некӯкорӣ ва ғайраро васф карда, одамони ҳарису сарватпараст ва суфиёни дурӯяву қаллобро мазаммат намудааст. Фарид ба забони форсӣ (тоҷикӣ) низ якчанд рубоию дубайтиҳо дорад, ки дар «Ҷавоҳири Фаридӣ» ном асаре гирд омадаанд.

Адабиёт: Дневная авезда. Восточный ал- манах, в. 2, Москва, 1974. А. Алимарвонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …