Маълумоти охирин

ФАРЕР

ФАРЕР, галаҷазираест дар шимолу шарқи уқёнуси Атлантик. Аз 20 ҷазирачаи вулқонӣ иборат аст. Вилояти автономии Дания. Масоҳаташ 1,4 ҳазор км2. Аҳолиаш 42 ҳазор нафар (1976). Баландиаш то 682 м. Иқлими Фарер баҳрӣ, ҳарорати миёнаи февр. 4°С,- боришоти солона 1500 мм.

farer

Марғаор, ботлоқҳои торфдор, ҷо-ҷо бешаҳои тӯс дорад, Макони паррандаҳост (зиёда аз 200 намуд). Машғулияти асосии аҳолӣ моҳигирӣ ва чорводорист. Маркази маъмуриаш шаҳри Торсхавн.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …