ЭСЕРДО (партияи социалистон-революдионерҳо, с.-р.), партияи буржуазӣ-демократии чап дар Россия (1901—23), то 1917 дар вазъияти ғайрилегалӣ. Манфиатҳои буржуазияи майдаи шаҳру деҳотро ифода мекард. Аз революцияпарастии майда буржуазӣ то ба муттафиқшавӣ бо контрреволюцияи буржуазию помещикӣ омада расид. Талабҳои асосиаш: республикаи демократӣ, озодиҳои сиёсӣ, қонунбарории коргарӣ, социаликунонии замин, Воситаи асосии тактикиаш — террори индивидуалӣ. Э. дар байни омма, бештар дар байни оммаи деҳқонон кор мебурданд. Пешвоҳояшон В. М. Чернов, А. Р. Год, Н. Д. Авксентьев ва диг, Органҳои чопиашон — г. «Революционная Россия» («Россиян революционй»), ж. «Вестник русской революции». С. 1906 аз Э. «Социалистони халқӣ» ва «Максималистҳо» ҷудо шуданд. Баъдн Рев. Феврали 1917 бо меньшевикҳо дар Советҳо аксариятро ташкил медоданд ва ба ҳайати Ҳукумати муваққатӣ дохил буданд. Дар рузҳои июли 1917 руирост ба тарафи контрреволюция гузашта, эътибори худро дар байни оммаи деҳқонон аз даст доданд. Қаноти чапи Э. партияи мустақили эсерҳои чапро ташкил дод. Баъди Рев. Октябрь Э. ташкилотчиёни исьёнҳои зиддисоветӣ, аъзои ҳукуматҳои контрреволюционӣ буданд. Пас аз Ҷанги гражданӣ партияи Э. пароканда шуд.