ПРОГРАММАИ ЭРФУРТ, программаи Партияи сотсиал-демократии Германия, ки октябри 1891 дар съезди партия дар шаҳри Эрфурт қабул шуд. Программаи Эрфурт программам Готаро, ки аз тарафи К. Маркс ва Ф. Энгелс танқид шуда буд, иваз намуд. Программаи Эрфрут нахустин ва ягона программаи марксистии Партияи сотсиал-демократия Германия буд, ки баъди Съезди муттаҳидкунандаи Гота қабул шуд. Ҷанбаи назарии Программаи Эрфуртро Ф. Энгелс пурқувват кард.