Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭПИЗООТОЛОГИЯ

ЭПИЗООТОЛОГИЯ

ЭПИЗООТОЛОГИЯ (аз эпизоотия ва …логия), илми ветеренариест оид ба сабабҳои пайдоиш, шароити пайдошавӣ ва барҳам хурдани касалиҳои сироятии ҳайвонот (яъне оид ба қонунияти ҷараёни эпизооти) ва усулҳои пешгириву мубориза бар зидди онҳо. Таҳқиқоти бактериологии ох. а. 19 ба илми Э. асос гузошт. Э. баъди тадқиқоти Л. Пастер, Р. Кох, И. И. Мечников, Д. И. Ивановский, ки барои ошкор намудани барангезандаи касалиҳои сироятии ҳайвонот кумак расонид, инчуннн барои тайёр кардани доруҳои махсуси ташхису пешгирии ин касалиҳо ва ташаккули Э. асоси илмӣ гузошт, хеле пеш рафт.

epizootology

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …