Маълумоти охирин

ЭПИГРАММА

ЭПИГРАММА (аз юн. epfgramma — навиштаҷот, катиба), шеъри начандон калонест, ки дар он ягон кас мавриди ҳаҷву масхара қарор мегирад. Аввал дар Юнони Қадим катибаи назмию насриро Э. мегуфтанд. Баъд Катулла ва Марҷиал ба Э. оҳанги ҳаҷву мазҳака додаанд. Э. дар а. 18 дар эҷодиёти Вольтер, Ж. Ж. Руссо, Г. Э. Лессинг ва диг. нашъунамо ёфт. Э. дар адабиёти рус низ анъанаи қадимӣ дорад. Э. дар назми советии тоҷик ох. с-ҳои 50 пайдо шуда, авв. с-ҳои 60 мавқеъ пайдо кард. Э. яке аз жанрҳои мушкилтарини ҳаҷвӣ буда, дар шаклҳои масал, рубоӣ, дубайтиҳои халқӣ ва суруду таронаҳо гуфта мешавад. Дар он киноя ва истиораю маҷоз мавқеи махсус дорад. Э. аз ду ҳисса иборат аст: ҳиссаи аввал портрети шахс ва ҳиссаи дуюм ҳаҷви уро дар бар мегирад. Мас.:

Тор печида ба мизи шоирӣ чун анкабуд.

Менишинад бо ғуруре, даст бар болои даст,

У чӣ сон охир нафахрад, то ба ҳоло шоир аст,

Бист сол арчи муқаддам шеъраке бинвишта буд.

(Гулназар).

Э. дар тавзеҳу тафсир ва зернавишти ҳар гуна расму карикатураҳои ҳаҷвӣ низ истифода мегардад.

А. Мавлонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …