ЭКТОПАРАЗИТҲО (аз юн. ektos — берун ва паразитҳо), паразитҳои берунӣ, паразитҳоеро гуянд, ки дар пусти бадани ҳайвоноту одам зиндагӣ мекунанд. Э. гуруҳи асосии организмҳои эктотрофианд. Баъзе Э. дар бадани соҳибашон беҳаракатанд ва баъзе дигарашон дар бадани ҳомилашон ҳаракат мекунанд. Э. ба тани ҷонварон часпида хуни онҳоро мемаканд.