Маълумоти охирин

ЭЪҶОЗ

ЭЪҶОЗ (аз ар. — оҷизӣ, нотавонӣ), як навъ ҳодисаи фавқуттабиеро гуянд, ки аз руи таъбири динӣ бо дахолати қувваи берунӣ сурат мепазирад, бар хилофи каромот хоси фақат анбиё дониста мешавад. Аҳли тасаввуф бар он ақида буданд, ки қобилияти хориқулодаи авлиё бояд аз одамон махфӣ дошта шавад. Инро ҷиҳатҳои фарқкунандаи каромот аз Э. медонистанд. Унсурҳои таълимоти Э. дар динҳои пешини политеистӣ ба назар мерасанд. Мас., санъати тасвир Э.-и Монӣ дониста мешуд. Дар динҳои монотеистӣ, аз ҷумла ислом, Э. ба пайғамбар нисбат дода шудааст. Бархе аз илоҳиётшиносони ислом танҳо Э.-и анбиёи тоисломиро эътироф кардаанд. Роҷеъ ба Э.-и Исо (хони барои Масеҳ ва Марьям аз осмон нозилшуда, эҳьёи мурдагон), Мусо (яди байзо, асои муъҷизанок), Муҳаммад (исроъ ва меъроҷ, танзили оёти Қуръон) қиссаву ривоёти гуногун мавҷуданд, ки аз тахайюлоти мавҳум иборат буда, ягон асоси илмӣ надоранд.

Ифодаи маънӣ бо тарсу услуб ва воситаҳои олии тасвири бадеӣ низ Э. номида мешавад.

С. Маҳмадуллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …