Оқсой, деҳаест дар Совети қишлоқи Лахши pайони Ҷиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон. Территорияи совхози «Лахш-1». Аз Оқсой то маркази Совети қишлоқ 8 километр, то район 58 километр; роҳ қисман асфалтпӯш.
Аҳолиаш 835 нафар (1981), тоҷикон ва қирғизҳо. Деҳа мактаби миёна, клуб дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — чорводорӣ, ғаллакорӣ ва картошкакорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.