Ниёзбек, деҳа, маркази Совети қишлоқ Э. Шарифов, pайони Копибодом, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз Ниёзбек то маркази район 20 км, то стансияи роҳи о.ҳан «Маҳрам» 5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4185 нафар (1982), ӯзбекҳо, тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, таваллудхона, пункти тиббӣ, амбулатория, шӯъбаи алоқа, боғчаи бачаҳо, ошхонаю нонвойхона, 3 чойхона, 3 магазин, нуқтаҳои хизмати маишӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғу токдорӣ, чорводорӣ, кирмакдорӣ. Заминҳо ба воситаи Канали Калони Фарғона ва насосҳо аз дарёи Сир обёрӣ мешаванд.
Tags Деҳа
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …