МАДОВРА, деҳа дар С. қ. Рӯдакии pайони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Терр. колхози ба номи Рӯдакӣ. Аз Мадовра то маркази С. қ. 8 км, то район 66 км. Аҳолиаш 264 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ҳаштсола, магазин ва осиёб дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. Заминҳо аз дарёи Уреч ва Оби Артуч обёрӣ мешаванд.