Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Давлати Непал

Давлати Непал

Непал, Подшоҳип Непал, давлатест дар Осиёи Ҷанубӣ. Дар қисми марказии Ҳимолой воқест. Дар  Шимол бо РХХ, дар Ҷануб Ғарб ва Шарқ бо Ҳиндустон хамсарҳад аст. Масоҳат 140.8 ҳазор километр2. Аҳолиаш 14,179 миллион нафар (1981). Пойтахташ — Катманду. Непал аз ҷиҳати маъмурӣ ба 14 минтақа (анчол) ва 75 район тақсим шудааст.

            Сохти давлатӣ. Непал— мутлақияти подшоҳӣ. Конститусияи ҷориашро соли 1962 қабул карда, 1967 такмил дода­анд. Сардори давлат — шоҳ. Сарвазир ва дигар аъзоёни ҳукуматро аз ҷумлаи аъзоёни Панчаяти миллӣ (парламент) шоҳ таъин мекунад. Шоҳ дар айни ҳол сарфармондеҳи қуввадҳои мусаллаҳ буда, ҳокимияти суди олӣ низ ба ӯҳдаи уст. Дар ҳузури шоҳ ду органи машваратӣ — Совети давлатӣ ва Совети роҳбарияти миллӣ ҳаст. Системаи судӣ: Суди Олӣ, судҳои районӣ, минтақавӣ ва регионалӣ.

            Табиат. Сарзамини Непал нудистон аст. Аз Шимол Ғарб ба самти Ҷануб Шарқ ду қатори кӯҳҳо кашол ёфтаанд, ки онҳоро водиву пастхамиҳо аз ҳам чудо кардаанд. Иқлимаш субэкватории муссонӣ. Дар Ҷануб ҳарорати миёнаи январ 15° Селсия, дар пастхамиҳои байникӯҳӣ — 0—10° Сулсия; дар баландии зиёда аз 4000 метр кисми зиёди сол ҳаво хунук аст. Дар Ҷануб ҳарорат моҳи июл ба 30° Селсия, дар пастхамиҳои байникӯҳӣ ба 20° Селсия расида, дар баландии 4,5—5 ҳазор метр то 10° Селсия паст мефарояд. Боришоти солонаи доманаи ҷануб ва нишебиҳои кӯҳ зиёда аз 2000 миллиметр, дар пастхамиҳо кариб 1500 миллиметр. Дарёҳояш пуртуғён ва остонадор буда, захираи бои энергетикӣ доранд. Дарёҳои калонаш: Карнали, Гандак, Коси, Багҳмати. Кӯлҳои калон надорад. Дар доманаи Ҳимолой ва нишебиҳои ҷануби он бешаҳои муссонӣ, дар маҳалҳои бештар сернам ва ботлоқзор ҷангалҳои анбӯд мавҷуданд. Дар баландии 3000 метр бешаи дарахтони сӯзанбарг (ҷалғӯза, ладен, коҷ, санавбар) ва зиёда аз 4000 метр паттазор месабзад. Дар нишебиҳои шимол ҷо-ҷо набототи даштҳои хунук мерӯяд. Олами ҳайвоноташ бой ва гуногун. Дар ҷангал фил, паланг, бабр, каркадан, гуроз, маймуни бисёр, тӯтӣ, товус дучор меоянд. Морҳои заҳрнок низ бисёранд. Дар кӯҳсор хирси ҳимолоӣ, юзпаланг, архар, нахчир мавҷуданд. Олами ҳайвонот ва набототи тропикӣ дар қӯруқи Читауэн, дар боғҳои миллии Лантанг, Сагарматҳа, Нагарҷун ва кӯли Papa муҳофизат ва нигоҳубин карда мешаванд. Дар бораи сохти геологӣ ва сарватҳои зеризаминӣ нигаред Ҳимолой.

            Аҳолӣ. Аҳолии Непал қариб ба 60 за­бон ва лаҳҷаи оилаи забонҳои ҳиндуевропоӣ ва Тибету хитой гуфтугӯ мекунад (14-тои онҳо хат доранд). Халқи асосӣ непалиҳоянд ва шумо- раи ондо зиёда аэ 7 миллион нафар (1961) буда, дар марказ ва ҷануб ғарби Непал зиндагонӣ мекунанд. Забони давлатӣ — непалӣ. Қариб 90% аҳолӣ ба ҳиндуия эътиқод дорад; буддоиён ва мусулмонон низ ҳастанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 қариб 80 кас. Шаҳрҳои калон: Катманду (аҳолиаш 180 ҳазор нафар 1978), Лалитпур (Па­тан), Бҳактапур (Бҳадгаон), Биратнагар, Непалганҷ, Бирганҷ.

           Очерки таърихй. Дар миёнаи ҳазораи 1 то милод дар бешазори доманаи кӯҳҳо қабилаҳои видехҳо, шакя, малла, личчхавҳо мезистанд. Дар давраи мезолит дар водиҳо қабилаҳои зангиву австралисурат ва муғулсурат (аҷдодони невар, кирати ва дигар халқҳо) маскун буданд. Дар асри 1 дар водии Катманду давлати давраи аввали феодализм — Невар ба вуҷуд омад. Невар дар зери таъсири маданияти ҳинд ривочу равнақ меёфт, бо Тибет ва хитой робита дошт. Дар асри 15 давлати Невар ба чанд мулкҳои хурд (Бҳадгаон, Па­тан, Катманду, Ҷумла, Палпа ва ғайра) ҷудо шуд. Дар шарқи Непал қабилаҳои кирати ва лимбу зиндагӣ мекарданд. Дар мулкҳо муносибатҳои феодалӣ ташаккул меёфтанд. Дар натиҷаи аз Ҳиндустон ба Непал ҳиҷрат намудани (асри 12) бисёр мардумони ҳиндуориёнӣ ва бо қабилаҳои маҳаллии магар, гурунгҳо ва ғайра омехтани онҳо тадриҷан халқияти кхас ташаккул ёфт, ки он ба забони гурӯҳи кхас — кураи ҳиндуориёнӣ (ҳозира непалӣ) гaп мезад. Асрҳои 15—16 кхасҳо дар Непал ба яке аз сершумортарин гурӯҳҳои этникӣ табдил ёфтанд. Ҳимолок Непал.

Асрҳои 16—17 мулки кхасу магарии Гуркҳа пурқувват шуд. Ҳокими он Рам Шоҳ (солҳои аҳдаш 1605—32) бо мақсади мустаҳкам намудани ҳокимияти марказӣ як қатор ислоҳотҳои маъмурӣ гузаронида, қонунҳоро такмил дод. Дар аҳди ҳоким Притҳви Нараян (1742—69) мулкҳои ҳамсоя ба мулки Гуркҳа ҳамроҳ карда шуданд ва давлати мутамаркази Непал ба вуҷуд омад. То oxири aсри 18 территорияи Непал дар Ғарб то Кашмир ва дар Шарқ то Сикким вусъат ёфт. Аз нимаи дуюми асри 18 таъсири Ширкати Ост-Индияи Анг­лия ба Непал афзуд. Соли 1814 Ширкат бо баҳонаи он, ки гӯё гуркҳо ба чанд қароргоҳи сарҳадии қӯшунҳои Анг­лия ҳамла оварда бошанд, ба Непал ҷанг эълон кард. Қӯшунҳои Непал ба қӯшунҳои англисҳо муқобилат нишон дода натавонистанд. Соли 1816 Непал маҷбур шуд ба шартномае имзо кунад, ки мувофиқи он як қисми территорияи мамлакат ба ихтиёри ширкат мегузашт, дар Катманду ба резиденти Англия ҷой дода мешуд ва сиёсат хориҷии мамлакатро англисҳо зери назорати худ мегирифтанд.

Соли 1846 Ширкат ба Ҷанг Баҳодур ном сардори хонадони феодалии Рана ёрӣ расонд, ки табаддулоти давлатӣ ба амал орад. Баъди табаддулот Ҷанг Баҳодур сарвазир шуд. Ба дигар мансабҳои олии давлатӣ низ аҳли хонадони Рана соҳиб шуданд. Дар аҳди хонадони Ра­на (1846—1951) хоҷагии Непал тамоман хароб гардид. Ҳукмронии муносибатҳои феодалӣ, чудоии географӣ ва иқтисодӣ ба инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат монеъ мешуданд. Муваффақиятҳои муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ дар мамлакатҳои Осиё баъди Ҷаиги дуюми ҷаҳон (1939—45) ва шикасти мустамлккадорӣ дар нн мамлакатҳо барои равнақи муборизаи эиддифеодалӣ ва зиддиимпериалистии халқи Непал шароити мувофиқ фароҳам оварданд. Синфи коргар ташаккул ёфт.

Фаъолияти муҳоҷирони сиёсии дар Ҳиндустон будаи Непал ҷонноктар шуд. Соли 1947 дар Калкатта партияи Конгресси миллии Непал (аз соли 1950 —Конгресси Непал) таъсис ёфт. Ин партия дар муттаҳид кардани қувваҳои зидди Рана дар Непал роли муҳим бозид. Соли 1949 Партияи коммунистии Непал таъсис ёфт. Фронти ягонаи қувваҳои зидди Рана ташкил шуд. Ин фронт ба ҳукмронии Рана хотима гузошт (револютсияи 1951). 18 феврал 1951 бо фармони шоҳ Трибхуван қоидаи меросӣ будани мансаби сарвазирӣ бекор карда шуд. Конститутсияи муваққатии Непал мамлакатро монархияи конститутсионӣ эълон кард. Ин конститутсия ҳуқуқҳои гражданӣ ва озодӣ (ҳуқуқи таъсиси партияҳо ва ташкилотҳо, ҳуқуқи интихоботи умумӣ ва ғайра)-ро эълон намуд. Соли 1959 конститутсияи нав қабул карда шуд ва он ҳуқуқҳои демократию озодии халқро махдуд намуд. Дар интихобо­ти парламент (1959), ки дар таърихи Непал аввалин интихобот буд, номзадҳо аз партиям Конгресси Непал ғалаба карданд. Онҳо ваъда доданд, ки ислоҳоти аграрӣ гузаронида, аппарати маъмурӣ ва тарзи корбарии судро тағйир медиҳанд, аҳволи меҳнаткашонро беҳтар мекунанд. Вале ба ваъда вафо накарданд. Дар шароити тезу тунд шудани низоъу нифоқи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шоҳ Маҳендра Дева (1955—72) 15 декабр 1960 парла­мент ва ҳукуматро пароканда карда, тамоми ҳокимияти қонунбарор ва иҷроияро ба дасти худ гирифт. Фаъолияти ҳамаи партнияҳои сиёсиву ташгкилотҳо манъ ва конститутсияи нав (1962) қабул карда шуд.

Дар Непал системаи панчаят — ҳокимияти маҳаллӣ ва марказӣ (Панчаяти мил­лӣ), системаи органҳои иҷроия ҷорӣ шуд. Дар таҳти назорати ҳукумат ташкилотҳои синфӣ (ташкилотҳои деҳқонон, коргарон, ҷавонон, за­нон, собиқ ҳарбиён, бачагон) таъсис ёфтанд. Мувофиқи қонунҳои нави соли 1963 ақди никоҳи ноболиғон, маҷбуриятҳои гуногуни меҳнатӣ ва маҳдудияти кастаҳо манъ карда шуд. Непал аз соли 1955 аъзои ТДМ ва бисёр дигар ташкилотҳои байналхалқӣ аст. Муносибатҳои дипломатии СССР ва Непал 20 июли 1956 ба роҳ монда шуд.

Непал бо СССР шартномаи ҳамкории иқтисодӣ, маданӣ ва тиҷоратӣ бастааст. Непал дар конференсияҳои давлатҳои ба блокҳои ҳарбӣ ҳамроҳнашудаи Белград (1961), Қоҳира (1964), Лусака (1970), Алҷазоир (1973), Гавана (1979) иштирок кардааст.

            Хоҷагӣ. Непал мамлакати қафомондаи аграриест, ки дар иқтисодиёти он муносибатҳои феодалӣ ва лимфеодалӣ ҳукмронанд. Аз солҳои 60 дар Непал ба муносибати қабул гардидани қонуни ислоҳоти аграри дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба амал омаданд. Ҳукумат мувофиқи программаҳои тараққиёти иқтисодӣ (1956/ 57-1960/61; 1960/61—1964/65; 1964/ 65—1970/71; 1970/71—1974/75) ба инкишофи нақлиёт, энергетика, хоҷагии қишлоқ ва обёрӣ аҳамияти калон медиҳад. СССР ба Непал дар сохтмони роҳи автомобилгарди Бирганҷ — Ҷанакпур, ГЭС (Панаути), объектҳои саноатӣ: заводи қанд ва заводи асбобҳои хоҷагии қишлоқ (Бирганҷ), фабрикаи тамоку (Ҷанакпур) ёрӣ расонд. Қисми зиёди аҳолӣ дар хоҷагии қишлоқи майдамолӣ кор мекунад. Дар Непал косибӣ ва ҳунармандӣ ривоҷ ёфтааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ хоҷагии натуралӣ боқӣ мондааст.

Хоҷагии қишлоқ. Аз нисф зиёди замини корам дар дасти заминдорони калон мебошад, ки онҳо ин заминҳоро ба деҳқонон иҷора ме­диҳанд. Дар мамлакат найшакар, ҷут, чой, шолӣ, арахис, хардал, кар­дамон, банан, лӯбиёи чинӣ, ситрусиҳо, ҷав, ҷавдор, сулӣ, ҷуворимакка, картошка парвариш мекунанд. Чорводорӣ асосан дар кӯҳистони Непал тараққй кардааст. Дар ин ҷо хашгов, гӯсфанд, буз ва ғайра мепарваранд. Соли 1977 дар Непал 10,7 миллион cap гов, 5 миллион cap бузу гӯсфанд, 0,3 миллион cap хук буд.

С а н о а т и мамлакат суст тараққӣ кардааст. Ангиштсанг, маъдани оҳан, варақсанг, селитра, мис, тилло дастӣ истихроҷ карда мешавад. Саноати маҳсулотбарорӣ асосан бо коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ машғул аст. 3аводҳои қанд, фабрикаҳои тамоку, ҷут, шоликубӣ, корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, чӯбгарӣ, коғаз, химия, чарму пойафзол, хишт ва ғайра ҳаст. Тӯли роҳи оҳан камбар 102 километр (роҳи оҳани сербар надорад), дарозии роҳҳои автомобилгард қариб 4,7 ҳазор километр (1981). Непал бо Ҳиндустон, Бангладеш, Бирма, Покистон, Таиланд алоқаи ҳавоӣ дорад.

Непал ба хориҷа ҷут, ғалла, найша­кар, тамоку, мушк, пашм, пӯст, гиёҳи доруворӣ, маснуотн косибӣ бароварда, аз он ҷо таҷҳизоти мошин, лавозимот, нақлиёт, маҳсулоти нефт, семент ва ғайра меоварад.

Алоқаи тиҷоратии СССР ва Непал низ беш аз пеш инкишоф меёбад. Непал аз туризм даромади калон мегирад. Воҳиди пул — рупияи непалӣ.

            Тандурустӣ. Бино ба маълумотҳои нопурра соли 1971 ба 1000 нафар аҳолӣ 44,6 таваллуд ва 22,96 фавт рост омадааст. Касалиҳои сироятӣ ва парази­тарӣ — сил, исҳоли хунин, пағзак, касалии шуш, вараҷа, сурхча, трахо­ма бештар паҳн шудаанд. Солҳои 70— тоун ва махав (дар Шимоли Fарб) авҷ гирифт. Соли 1971 дар мамлакат 55 касалхонаи дорои 2,0 ҳазор кат (1 кат ба 10 ҳазор аҳолӣ) мавҷуд буд. Ҳамон сол 338 духтур (1 духтур ба 36,5 ҳазор аҳолӣ), 692 ёрдамчии духтур, 8 дух­тури дандон, 335 ҳамшираи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонд. Ҳамшираҳои тиббӣ дар худи Непал, духтурон дар университетҳои Ҳиндустон тайёр карда мешаванд.

            Маориф. То ибтидои соли 1978 зиёда аз 80%’ аҳолӣ бесавод буд. Мувофиқи плани тараққӣ додани маорифи мил­лӣ барои солҳои 1971—76 сохти нави мактаби 10-сола: мактаби ибтидоии 3-сола (қабул аз 6-солагӣ), мактаби миёнаи нопурраи 4-сола ва миёнаи пурраи 3-сола ҷорӣ гардид. Аз соли таҳсили 1975/76 таълим дар синфҳои 1—5 бепул шуд. Таълим дар мактабҳо ба забони миллии непалӣ бурда мешавад. Мактаби миёнаи пурра аз 4 зина иборат аст: академӣ, маълумоти умумӣ, касбҳои техникӣ ва санскрит. Соли таҳсили 1974/75 дар мактабҳои ибтидоӣ зиёда аз 401 ҳазор, дар мактабҳои миёна зиёда аз 221 ҳазор, дар системам тайёрии касбӣ зиёда аз 11 ҳазор, дар системаи тайёр кардани муаллимон барои мактабҳои ибтидоӣ қариб 4 ҳазор талаба мехонд. Соли тақсили 1974/75 дар мактабҳои олӣ 21 760 студент мехонд. Дар Киртипур (наздикии Катманду) Университети ба номи Трибхуван (таъсисаш 1958) хаст. Дар Катманду институти педагогӣ ва мактабҳои техникӣ воқеанд. Мӯҳлати таҳсил дар мактабҳои ибтидоӣ 6 сол, дар мактаби миёна 3 сол. Мувофиқи системан нави маориф дар Непал чунин тип и мактабҳо ташкил мешаванд: мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1—3), миёнаи нопурра (синфҳои 4—7), миёна (синфқои 8—10). Таълими касбҳои техникӣ дар базаи мактаби миёнаи нопурраи типи Анг­лисӣ ба амал бароварда мешавад. Мактабҳои хоҷагии қишлоқ техникӣ, ҷангалпарварӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва педа­гогӣ дорад. Соли таҳсили 1969/70 дар мактабҳои касбҳои техникӣ 6 ҳаз., дар омӯзишгоҳҳои педагогӣ 365 нафар талаба мехонд. Непал университет ва чандин коллеҷ дорад. Студентони Непал дар хориҷа, асосан дар Ҳиндустон, СССР ва ШМА таҳсил мекунанд. Академи­яи шоҳӣ (таъсисаш 1957) маркази илмии мамлакат аст. Дар Катманду Китобхонаи миллӣ, китобхонаи Университети ба номи Трибхуван, Китобхонаи марказӣ, Музеи миллии Непал (таъ­сисаш 1938) воқеанд.

            Матбуот ва радио. Соли 1978 дар Непал 24 газета и ҳаррӯза ва тақрибан 50 газетаи ҳарҳафтаина ва журналҳо нашр мешуд. Газетаҳои бонуфуз ба забо­ни непалӣ — «Горкҳапатра*, таъси­саш 1901, ҳукуматӣ, «Непал таймс» таъсисаш 1954, «Найя Сомаҷ», таъ- сисаш 1956; ба забони англисӣ — «Райзинг Непал# («Rising Nepal»), (таъсисаш 1965, ҳукуматӣ); «Коммонер» («Commoner», таъсисаш 1954); «Мазерленд» («The Motherland», таъ­сисаш 1957); «Ҳимали Бела» («Hi- mali Bela», таъсисаш 1970). Радиои Непал— «Радио Непал» (таъсисаш 1951, ҳукуматӣ), ба забонҳои непалӣ ва англисӣ ахборот мешунавонад. Телевизион надорад.

            Адабиёт. Адабиёти Непал ба забонҳои непалӣ ва неварӣ инкишоф меёбад. Осори қадимаи адабиёт — эпиграфи­ка (миёнаи ҳазораи якуми 1 милод), ваншавали (шаҷара), маҳатмя (ҳам- ду наът) — «Сваямбҳу-пурапа» (асри 10), «Непали-маҳатмя» (асрҳои 14— 15) ба санскрит таълиф шудаанд. Дар асри 15 адабиёти дунявӣ ба вуҷуд омад. Дар назм жанри стути (наът ва ҳамди шоҳон) мавқои асосиро ишғол кард, лирикаи ишқӣ инки­шоф ёфт (Пратап Малла асри 17, Ҷагатпракаш Малла асри 17 ва дигар). Драматургҳо ба рисолаҳои классикии санскритӣ оид ба санъати теат­рӣ такя кунанд ҳам, хусусиятҳои намоиши театрҳои халқиро ба назар гирифта асарҳо меофариданд. Дар тӯли чандин асрҳо «Мақабҳарата», «Рамаяна» ва пуран («Таърихи Нал»-и Говинда Ҷҳа) ҳамчун манбаи сюжети драма хизмат мекарданд. Дар асри 19 баробари давлатӣ гардидани забони непалӣ адабиёт низ ба ин забон ривоҷу равнақ ёфт. Шоирон Басанта, Индирас, Ядунатҳ, Рагхунатҳ, Б. Кесари сюжетҳои анъанавиро (ҳадиси Кришна ва ғайра) истифода мебурданд. Дар аввали асри 19 наср («Достони Матсендранатҳ» ва ғайра) ба вуҷуд омад. Назми Бханубҳакта (1812—68) дар адабиёт марҳалаи наве гардид. Шоирони асри 20 Лекхнатҳ ва Дх. Коирада аз қоида ва қонунҳои кӯҳнаи адабӣ даст каши- данд. Коирала аввалин шуда ба мавзуоти гражданӣ рӯ овард. Адабиёти Непал дар зери таъсири чҳаявадаи (романтизми) ҳиндӣ ва романтикаи англисӣ монда буд.

Ба пешрафти адабиёти Непал журнали адабӣ-бадеии «Луга» (1934) мусоидат намуд. Дар журнал ҳикояҳои Г. Майналн, II. Шамшер, Б. Бҳикшу, К. Малла, Б. Тивари, М. Коирала, Б. П. Коирала, Готҳале ва дигар дарҷ гардиданд, ки дар онҳо зисту зиндагонии табақаҳои миёна ва қашшоқ, беҳуқуқии занон, қадру қимати одамӣ тасвир шудаанд. Дар романҳои «Рупмати», «Муҳаббат», «0мурзиш»-ӣ Рудрароҷа Пандей, «Чархи қисмат»-и Рамп- расад ғояи камоли ахлоқ ифода ёфтааст. Солҳои 30 драматург Б. Сама дар песаҳои «Ман», «Бандаи ишқ» (1938) бар зидди ақди никоҳи ноболиғон ва беҳуқуқии занон баромад. Солҳои 40 драмаи якпардагӣ маъмул шуд. Ташаккуди драмаи муосир ба солҳои 30 асри 20 рост омад, Соли 1951 ҳокимияти сулолаи Рана барҳам хӯрд, ки он дар таърихи Непал гардиши калоне буда 6а адабиёт низ таъсир гузошт. Аксари асарҳое, ки дар жанрҳоии пешоҳанги адабӣ «Индрени», «Рачана», «Рупрекҳа», «Ҳимаши» ва ғайра чоп мешуданд, дар бораи он шаҳодат медоданд, ки адибон роли худро дар мубориза барои ояндаи беҳтар дуруст дарк мекунанд. Назми солҳои 50 бо ғояи сулҳ, бародарии ҳамаи нажоду миллатҳо (достони «Инҳо тири тӯпанд»-и Л. Девкота, шеърҳои «Одамонро дӯст медорам», «Ба одамӣ»-и Б. Сама, «Бомбаи водородӣ»-и М. Гҳимире) фарқ мекунад. Баъди барҳам хӯрдани сулолаи Рана (1951) аъзоёни бисёр иттиҳодияҳои адабӣ, ки дар муҳоҷират буданд, ба ватан баргаштанд.

Соли 1951 «Ҷамъияти забо­ни неварӣ» ташкил шуд. Адабиёти ба забони неварӣ, ки аз охири асри 14 ин ҷониб вуҷуд дошт, бо жанрҳо ва мазмуни нав ғанитар гардид. Сударшан Срамарен, Сатямоҳан Жӯши, Ҳимлал Жӯши дар мавзӯъҳои таърихӣ драмаҳо офариданд. Дар ро­манҳом Ишварананда Шрестҳачаря «Оина», «Хуни сард» ҳаёти вазнини табақаҳои миёнаи аҳолии шаҳр ба таври реалистона инъикос ёфтааст.

             Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Ба санъати Непал таъсири наққошию меъ- мории Ҳиндустон ва Хитой бараъло мушоҳида мешавад. Дар асрҳои 15—18 дар Нерал бо услуби меъмории Ҳиндустон ибодатхонаҳои манорадор ва бо усули Хитой биноҳои бисёрқабатаи нақшини чӯбин сохта шудаанд. Дар санъати меъмории охири  асри 19 Непал таъ­сири меъмории Эрон ва Арабистон, дар санъати ибтидои асри 20 таъсири меъ­мории Европа дида мешавад. Аз солҳои 50 cap карда дар Катманду, Ҷанакпур ва дигар шаҳрҳо бо услуби меъмории муосир биноҳо бунёд мешаванд. Санъати ҳайкалтарошии асрҳои миёнаи Непал ба санъати давраи ҳукмронии сулолаи Гуптҳои Ҳиндустон, рассомӣ (минётураи дастхатҳои асрҳои 11—14) ба услуби рассомии Ҳиндустони Шимолу Шарқӣ наздик аст. Асрҳои 15—18 санъати бо услуби уқнум (икона)-ҳои тибетӣ «танка» (дар матоъ кашидани расм) маъмул гашт. Санъати рассомии асри 20 дар зери таъсири «давраи эҳёи Банго­ла» ва санъати рассомии реалистонаи Европа инкишоф ёфт.

             Театр ва мусиқи. Аз қадимулайём дар театрҳо намоишҳои халқӣ — нритяҳо (рақсҳои рамзӣ якҷоя бо мусиқӣ ва суруд) нишон дода мо­шуданд. Ҳар як халқ соҳиби рақсу намоишҳои худ — деви нритя, гҳату нритя (намоншҳо бахшида ба ҳёти худоҳо ва қахрамонони афсонавӣ) ва бара масе (ақди никоҳ, иди ҳосил ва ғайра) буд. Рақсу намоишҳои халқии асрҳои 15—18 дар асри 20 шакли ҳозираро гирифтанд. «Маҳакали», «Харисиддҳа», «Пачали». «Канкешвари», «Гҳантешвари» барин намо- намоишҳои халқӣ зуд-зуд ба саҳна гузошта мешуданд. Дар шаҳри Бҳактапур дар дарбори Суварна Малла «Нав Дурга», «Маҳалакшми» ва ғайра намоиш дода мешуданд. Дар рафти тамоми намоиш (он қариб 3 соат давом мекард) актёр ҳамагӣ 8—10 ибора мегуфту баъд мазмуни онро тавассути рақс (бо ҷӯршавии хор) ифода мекард. Дар зери таъсири шаклҳои гуногуни намоишҳои халқӣ жанри классикии театри непалӣ — гитинатя (намоиши хореографӣ, ки ба он хор ва солистҳо ҷӯр мешаванд) ба вуҷуд омад. Агарчи драматургия дар Нерал ривоҷу равнақ дорад, вале то соли 1973 дар ин ҷо ягонто ҳам театри драмаи доимӣ набуд. Солҳои 40 асри 20 дар мамлакат чандин дастаи ҳаваскорон вуҷуд доштанд. Охири соли 1973 коллективи ҳаваскорони мусиқӣ, ки бо ташаббуси ҷамъияти «Маданияти мо» ташкил ёфта буд, гитинатияи маҷозии «Ҳимоя»-ро ба саҳна гузошт. Соли 1973 ин.  коллектив ба коллективи касбӣ табдил ёфт.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …